Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба таҷлили Иди Наврӯзи байналмилалӣ

58

Масъалаи беҳдошти саломатии ҷавонон ва рӯ овардани онҳо ба варзиш яке аз ҳадафҳои аслии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёре аз суханрониҳои хеш вобаста ба илму дониш, варзиш ва пешгирии амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон иброз медорад, ки рӯй овардан ба варзиш асоси беҳдошти солимии ҷомеа мебошад. Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино низ беҳуда нагуфтааст: «Ҳар кӣ ба он муваффақ шавад, ки варзишро ба эътидол ва андар вақти худ ба кор барад, аз ҳар гуна муолиҷа бениёз хоҳад шуд».

59

Аз тарафи роҳбарият ва устодони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам барои тарғиби курсантон дар руҳияи баланди худогоҳии миллӣ, ривоҷу равнақ додани варзиш ва оммавӣ гардонидани варзиши сабук, кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Иҷроиши нақшаи кории кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ дар соли хониши 2017 - 2018 нишон дод, ки тибқи нақшаҳои баргузории мусобиқаҳои варзишии тасдиқшуда ҳамарӯза чорабиниҳо бо ҳайати кормандон, шунавандагон ва курсантони факултет чорабиниҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида шудаанд. Аз оғози соли таҳсил то имрӯз бо мақсади тарғибу ташвиқи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш байни ҳайати шахсии кормандон ва курсантон, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, муайян намудани варзишгарони бомаҳорат ва минбаъд сафарбар намудани онҳо ба мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва тарғиби ҳаёти солим дар ҳудуди факултети №4 шаш маротиба мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида шудааст. Ба ғайр аз ин курсантони факултет ҳамеша дар ҳамаи чорабиниҳои варзишие, ки дар миқёси шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд гузаронида мешавад, фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳамасола барои сазовор таҷлил намудани иди Наврӯзи байналмилалӣ дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ, бо иштироки кормандон, шунавандагон ва курсантони факултет, ташкил ва гузаронида мешаванд.
Тибқи нақша ва низомномаи тасдиқгардида дар ҳудуди факултети №4 аз санаи 13-ум то санаи 20-уми марти соли 2018 мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои «Воллейбол», «Шоҳмот», «Шашка», «Дастхобонӣ», «Бандкашӣ» ва «Вазнбардорӣ» гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 40 нафар кормандон ва омӯзгорон, инчунин 150 нафар шунавандагон ва курсантон фаъолона иштирок ва қувваозмоӣ намуданд. Мутобиқи низомномаи баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, барои бештар ҷалб намудани курсантон ба варзиш, як нафар курсант ҳуқуқи дар як намуди варзиш иштирок карданро дошт. Рафти мусобиқаҳои варзишӣ аз тарафи доварон назорат ва ба қайд гирифта мешуданд.
Дар мусобиқаи мазкур шахсони зерин ба чунин дастовардҳо ноил гаштанд: дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Шоҳмот» дар байни кормандон 12 нафар байни худ қувваозмоӣ намуда, ниҳоят ғолибон муайян карда шуданд. Яъне: ҷойи аввал насиби майори милитсия Қудратов Муминбой, дотсенти кафедраи такмили ихтисос ва тайёрии ибтидоӣ гардид. Ҷойи дуюм насиби полковники милитсия Ҳақбердӣ Нуриддин, сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ - хизматӣ гардид. Ҷойи сеюм бошад насиби подполковники милитсия Ҳоҷизода Обид, дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ гардид. Дар ҳамин намуди мусобиқа байни курсантон ҷойи аввал насиби курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Собиров Умед, ҷойи дуюм, насиби курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ Валиев Фаррух ва ҷойи сеюм насиби курсанти курси якум, милитсияи қаторӣ Зоиров Амонулло гардид.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Шашка» дар байни кормандон ҷойи аввал насиби дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, подполковники милитсия Ҳоҷизода Обид, ҷойи дуюм, насиби муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, лейтенанти калони милитсия Ибодзода Муҳаммад ва ҷойи сеюм насиби сарнозири маркази тестии қисми таълим, майори милитсия Бобокалонов Бахтовар гардид.
Дар мусобиқаи варзишии «Волейбол» бошад шаш даста, яъне дастаи кормандони факултет, дастаи курсҳои тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, дастаи курсантони курси 1-ум, дастаи курсантони курси 2-юм, дастаи курсантони курси 3-юм ва дастаи курсантони курси 4-ум фаъолона иштирок намуда, тибқи ҷадвали баргузориҳои бозиҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Рафти бозиҳо бо иштирок ва назорати роҳбарияти факултет ва кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ баргузор гашт.
Ниҳоят баъди бозиҳои тӯлонӣ ва вохӯриҳо мусобиқа дар намуди «Волейбол» бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфт:
- ҷойи аввал насиби бозингарони дастаи курси 2-юм, ҷойи дуюм насиби бозингарони дастаи кормандони факултет ва ҷойи сеюм насиби бозингарони дастаи курси 1-ум гашт.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳамаи курсантони факултет дар ин чорабинии варзишӣ бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ иштирок намуданд ва дар дигар озмунҳо, яъне дар намудҳои «Дастхобонӣ», «Бандкашӣ» ва «Вазнбардорӣ» низ фаъолона иштирок намуданд ва беҳтаринҳо ғолибони мусобиқа гардиданд. Умуман ин чорабинии варзишӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2018 ниҳоят шавқовар, дар як фазои идона ташкил ва гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 августи соли 2017 зимни ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша чорабиниҳо таҳия карда шудааст. Яке аз бандҳои нақшаи мазкур ин ҷорӣ намудани дарси «Шоҳмот» дар ҳама зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла дар равияи фанҳои дақиқ, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба барномаҳои таълимӣ дар Академия мебошад. Баҳри иҷрои ин банд дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам озмун ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда, байни кормандон, омӯзгорон, шунавандагон ва курсантон бозиҳои «Шоҳмот» ва «Шашка» ташкил карда мешавад.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...