Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тандурустии ҷомеа - рушди иҷтимоии миллат

264Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як барномаи мукаммале маҳсуб меёбад, ки дурнамои ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии аҳолии кишварро муайян менамояд.
Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва байналмилалӣ ба таври возеҳ матраҳ гардиданд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар солҳои сипаришуда,азҷумла инкишофи соҳаи тандрустро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар замони ҳозира нигоҳ доштани ҳаёти солим яке аз вазифаҳои асосии миллат ба ҳисоб меравад. Чун бо баробари муваффақиятҳои назарраси илмию техникӣ сатҳи саломатии одамон паст шуда, фавт ниҳоятдараҷа зиёд шудааст. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барномаҳое тартиб додаанд, ки асоси онҳоро пешгирӣ аз бемориҳо ва расонидани ёрии тиббии баландихтисос бо технологияҳои ҷаҳони муосир ташкил медиҳад.
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, рӯз аз рӯз рушд карда истодааст. Дар шароите, ки вабои аср COVID-19 дар тамоми ҷаҳон доман паҳн кард, табибони тоҷик ҷони худро зери хатар гузошта, аз ин бемории сироятёбанда наҳаросида бо ҷасорату мардонагӣ ҷони ҳазорон нафаррро аз марг наҷот доданд. Солҳои сипаригашта барои тамоми кормандони соҳаи тиб соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирус буд. Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба тамоми кормандони соҳаи тиб чунин изҳори миннатдорӣ намуд: «Ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям».
Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.
Ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои ҳукумати кишвар тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ шарафмандона хизмат намуда, баҳри ободиву шукуфоӣ, қувваву нерӯ ва донишу таҷрибаи худро равона карда истодаанд. Таманниёти беҳтарин барои пизишкон байти зерини Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мебошад:
Ин табибонро ба ҷон банда шавед,
То ба мушку анбар оганда шавед!
Дарвоқеъ, саломатӣ аз муҳимтарин сарватҳои Банӣ башар буда, вазифаи ҳар як инсон муҳофизат кардан, пешгирӣ аз беморӣ аст. Агар кас ҳифзи саломатиро аз худ накунад, ба ӯ ягон комёбии илми тиб саломатӣ бахшида наметавонад. Риояи тарзи ҳаёти солим аз бемориҳои гуногуни сироятӣ шахсро эмин медорад. Амалинамоии ин мақсад ба ҳалли масъалаҳои ҳаёти солим, ки омили асосии саломатии насли оянда мебошад, имконият фароҳам менамояд. Табиатан, тарзи ҳаёти солимро қатъиян аз рӯйи қоидаҳои ягон дастурамал ба роҳ монда намешавад. Онро ҳар як шахс аз рӯйи донишу фаҳмиши худ, инфиродӣ, аз рӯйи маълумоту дастовардҳои тибби муосир мегузаронад. Тарзи ҳаёти солим аз овони кӯдакӣ роҳандозӣ мешавад ва бо мурури замон такмил меёбад. Дар Оинномаи Ташкилоти Байналхалқии нигоҳдории тандурустӣ чунин навишта шудааст: «Саломатӣ – ин на танҳо мавҷуд набудани нишонаи беморӣ ва маризиҳо, балки ҳолати пурраи иҷтимоӣ ва беҳбудии руҳист».
Бо дарки аҳамияти саломативу тандурустӣ бояд бо шукргузорӣ аз даврони осоиштаву кишвари обод баҳри ҳифзу нигаҳдории солимии ҷисмониву маънавӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносию худогоҳӣ ва тансиҳатӣ талош намояд.
Тоҳирӣ Муяссара Тоҳир, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф., подполковники милитсия.
Давлатзода Наргис Давлат, муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...