Самарабахшии фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методии Академияи ВКД
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 2023 бо иштироки васеи муовини аввали сардори Академия,н.и.ҳ., полковники милтсия Ализода А.Ш., сардори шуъбаи таълими Академия полковники милитсия Саидзода С.С., сардорони факултетҳои №1,2,5 ва 6 н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А., н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., майори милитсия Нуруллозода М.Н., н.и.ҳ., подполковники милитсия Наҷмуддинзода М., сардорони шуъбаҳо ва кафедраҳои Академия ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023 ва вазифаҳои нав дар соли таҳсили 2023-2024 баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини аввали сардори Академия н.и.ҳ., полковники милтсия Ализода А.Ш., оғоз намуда, қайд намуданд, ҷаласаи мазкур дар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз суханронӣ дар Рӯзи дониш, вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо омӯзгорону курсантони Академия дар Рӯзи дониш , супоришҳои Сардори Академия, банди 4-уми протоколи ҷаласаи васеи Шӯрои Олимони Академия гузаронида мешавад.
Дар назди ҳозирин бо ҳисобот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти таълим, таълимӣ-методии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022-2023, сардори шуъбаи таълими Академияи, полковники, Саидзода С.С.баромад намуд. Дар баромади худ Саидзода С.С. дар ду самт таҳлилҳоро гуфта гузаштанд, вазъи иҷрои корҳои таълимӣ, корҳои таълимӣ-методӣ ва ташкилӣ-методӣ дар кафедраҳои Академия. Саидзода С.С. қайд намуданд, ки корҳои таълимӣ дар асоси талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳукуқии зерини ба роҳ монда шудааст:
1. Дастурамал оид ба ташкили раванди таълим дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони МТОК Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Низомнома «Дар бораи тартиби ташкил ва меъёргузории меҳнати ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Инчунин дар масъалаи шумораи умумии ҳайати профессорон ва омӯзгорони Академияро таҳлил намуда қайд карданд, ки аз ҳисоби кормандони доимӣ 4 докторони илм, 36 номзадони илм фаъолият менамоянд, ки аз онҳо: дотсентон - 11 нафар, занҳо - 4 нафар, олимони ҷавон - 8 нафарро ташкил медиҳанд ва дар 187 воҳиди штатии ҳайати профессорону омӯзгорони Академия, 153 - нафар омӯзгорон ба таври доимӣ ва беш аз 80 - нафар омӯзгорони ҳамкори берунӣ ва 78 нафар ҳамкорони дохилӣ, ки аз онҳо беш аз 50 - нафарашон аз ҷумлаи докторон, дотсентҳою номзадҳои илм ва боқӣ ба сифати унвонҷӯ, аспирантону муаллимони калон фаъолият намудаанд.
Сарбории таълимии банақшагирифташуда барои соли таҳсили 2022-2023, дар Академия 132420 соатро ташкил медод, ки дар давоми таҳсил ба 141759 соатро расидаст ва ин рақам 9339 соат зиёд ба назар мерасад. Инчунин дар масъалаи иҷроиши сарборӣ аз тарафи сардорони факултетҳо, кафедраҳо ва олимон ҳисобот пешниҳод гардидааст.
Дар масъалаи корҳои таълимӣ-методӣ ва ташкилӣ-методӣ Саидзода С.С. қайд намуданд, ки таҳияи китоби дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ, барномаҳо аз фанҳои таълимӣ, барномаҳои кории фан (силлабус), омода намудани нақшаҳои мавзӯи фаннӣ, матни лексияҳо, матни лексияҳои захиравӣ, коркард ва тайёр намудани андешаҳо, супоришҳо ва нақшаҳои гузаронидани машҳои оперативӣ-тактикӣ, тайёр намудани нақша-супоришҳои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, семинарӣ ва лабараторӣ, аз тарафи омӯзгорон тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳукуқии соҳаи маориф бояд ҳамасола ба миқдори 200-250 соат иҷро карда шавад.
Дар масъалаи натиҷаи корҳои таълимӣ-методӣ дар соли таҳсили 2022-2023 қайд намуданд, ки 2 адад китоби дарсӣ, 33 адад дастуру воситаҳои таълимӣ, 30 адад барнома аз фанҳои таълимӣ, 132 адад барномаи кории фан (силлабус), 65 адад нақшаҳои мавзӯи фаннӣ, 26 адад матни лексияҳо, 2 адад лексияҳои захиравӣ, 7 адад коркард ва тайёр намудани андешаҳо, супоришҳо ва нақшаҳои гузаронидани машҳои оперативӣ-тактикӣ, 3 адад дастурҳои методӣ оид ба навиштани корҳои курсӣ ва лоиҳаи дипломӣ, 12 адад номгӯи мавзӯъҳои корҳои курсӣ ва рисолаи хатм, 112 адад супоришҳои тестии электронӣ барои қабули имтиҳони ниҳоӣ фанни таълимӣ ва ғайра, таҳия ва аз чоп бароварда шудаанд.Инчунин корҳои таълимӣ-методӣ дар соли таҳсили 2022-2023 аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон кафедраҳои Академия ба анҷом расонида шудааст, 42 маротиба дарси кушод, 38 маротиба дарсҳои озмоишӣ, 19 маротиба дарси намунавӣ, дар дарсҳои номбаршуда 9 маротиба роҳбарияти Академия ва 36 маротиба сардорони факултетҳо иштирок намуданд, ҳамчунин 152 маротиба назрати педагогӣ, 333 маротиба ба дарсҳои ҳамдигар даромадани омӯзгорон, 94 маротиба сардорони кафедра иштирок намуданд, 33 маротиба сардорони факултетҳо иштирок намудаанд ва 9 маротиба роҳбарияти Академия дар дарсҳои номбаргардида иштирок варзиданд.
Барои беҳбудии фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методии Академияи ВКД барои соли таҳсили 2023-2024 як қатор қарорҳои дахлдор қабул гаштанд.
Асламов Б.С., Аҳтамшозода С.А.