Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Киберҷиноятҳо - хатари муосир

29211-уми октябри соли 2023 бо ташабусси кафедраҳои Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯ мақомоти корҳои дохилӣ ва кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи «Таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки сардори Раёсати сертификатсия ва экспертизаи КВД «Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза», Саидмуродов Далер Аҳадович, Мутахассиси пешбари Раёсати саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар вилояти Суғд Ӯлмасов Ғайбуллоҷон Мустафоҷонович, курсантони курси 5, ҳайати омӯзгорон ва профессорони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабинии мазкурро муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., майори милитсия Одиназода И.А. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, махсусан таваҷҷӯҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкили инфрасохтори соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд таҳким ёфта, шароити фаъолият дар ин самт ба талаботи замони муосир мутобиқ кунонида шуда истодааст.
Баъдан сардори Раёсати сертификатсия ва экспертизаи КВД «Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза», Саидмуродов Д.А. доир ба мавзӯи «Шаклу восита, усулҳои амалишавӣ чораҳои пешгирию муқовимат ва ҳамлаҳои хакерӣ дар шароити замони муосир» баромад намуда, қайд кард, ки таърихи пайдоиши киберҷиноят дар худ чор марҳилаи асосиро дар бар мегирад, яъне:
1) Рушд ва татбиқи интернети ҷаҳонӣ;
2) Ташаккул ва инкишофи гуруҳҳои хакерӣ;
3) Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар содир намудани ҷиноятҳо;
4)Киберҷиноятҳои сатҳи байналмилалӣ.
Инчунин қайд гардид, ки тибқи гузориши созмони бонуфузи ҷаҳонӣ (Global Digital) дар соли 2022 шумораи истифодабарандагони Интернет 4,95 миллиард нафарро дар бар мегирифт, ки 57% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад 4,62 миллиард корбар ба қайд гирифта шудааст. Шумораи истифодабарандагони телефони мобилӣ дар соли 2022 5,31 миллиард нафар буда, ки 67% аҳолии сайёраи ҷаҳонро ташкил медиҳад ва роҳҳои пешгирӣ ва муқовимат ба киберҷиноят инҳо мебошад: истифодаи таъминоти барномавии литсензионӣ; мунтазам навсозӣ намудани системаи оператсионӣ ва таъминоти барномавии истифодашаванда; истифодаи барномаҳои зиддивирусӣ; ташкили маҳзани эҳтиётӣ ва нусхабардории мунтазами маълумот; насби таъминоти барномавии муосир барои маҳдуд намудани маводи номуносиб; такмил додани донишҳои назариявии кормандон; давра ба давра ва бо ҷалби мутахассисон мавриди санҷиш карор додани системаи иттилоотии корхона дар хусуси осебпазирӣ; ҷорӣ намудани технологияи пешгири ифшои иттилоот, яъне назорат намудани компютерҳои кормандон дар хусуси номгӯи маълумоти нусхашаванда аз компютер ё баръакс ба компютер воридшаванда; истифодаи рамзҳои мураккаб; даст кашидан аз кушодани замимаҳои мактубҳои электронӣ аз суроғаҳои номаълум; эҳтиёткорӣ ҳангоми боздид аз вебсайтҳо мебошанд.
Баромади иштирокчиён бо саволу ҷавобҳои зарурӣ доир ба мавзӯи семинар-машварат аз тарафи курсантони курси 5, гуруҳи 504, милитсия қаторӣ Собитов М. милитсия қаторӣ Ғаратзода Ш., гуруҳи 502 милитсия қаторӣ Сулаймонзода У., ва курсанти гуруҳи 503 милитсия қаторӣ Ҳусейнов З.Б., гузаронида шуд.
Дар анҷоми конференсия муовини сардори факултети № 4 Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., майори милитсия Одиназода И.А., баромад намуда, қайд кард, ки баргузор гардидани чунин семинар-машваратҳо барои амалигардонии фаъолияти мубориза бар зидди кибирҷиноятҳо ва ҳалли муаммоҳои мавҷуд буда дар ин самт равона карда шудааст.
Муродзода Ф.Ғ., муаллими кафедраи ФОҶ МКД, лейтенати милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...