Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарҳанги суханварӣ

291Давлатшоева, А. Фарҳанги суханварӣ: дастури таълимӣ барои курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД. – Душанбе: Нашриёти РТМТ ва Н-и ВКД ҶТ, 2023. – 72 с.

Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахш шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Сухан дар қолаби вожа, ибора ва ҷумлаҳои дилнишин бо ёрии фикру андеша ифода меёбад, нӯшдоруеро мемонад, ки беморонро қуввату мадор, ҳастию тавон ва нерую ҷон, солимонро ақлу хуш ва заковату иборат мебахшад. Олами маънавӣ, фаҳму идрок ва кирдору рафтори инсонро танҳо дар ҷараёни суҳбат метавон фаҳмид. Он гуна ки усод Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:

Ҳар чи ба дил ҳаст зи поку палид,
Дар сухан ояд асари он падид.

Дар замони истиқлоли ҷумҳурӣ марому манзалати забони модарии мо – тоҷикӣ баланд гардид. Ин падида ангезаи шуд ҷиҳати омӯзиши жарфи сухани ноби тоҷикӣ ва ҳам таълифи рисолаву дастурҳои илмиву таълимӣ. Ҳадаф аз таҳияи ин дастур дар ниҳоди донишҷӯён бедор кардани ҳисси забономӯзӣ ва сухандониву суханварист ва дастури пешниҳодшуда дар заминаи баланд бардоштани сатҳи маънавиёту маърифати ҷавонон мусоидат мекунад.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...