Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсис ва фаъолияти мақомоти кофкукови ҷиноятӣ

285Мақомоти кофтукови ҷиноятӣ – ин фаъоляти хизмати оперативии милитсия дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ буда, таърихи таъсис ва ташаккули худро доро мебошад. Мақомоти кофтукови ҷиноятӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи ФОҶ», Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва дигар санадҳои муҳими соҳавӣ ва идоравӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.286
Мақомоти кофтукови ҷиноятӣ - вазифаҳои пешгирӣ, профилактика, қатъ намудани амалҳои ҷиноятӣ, кофтуков ва дастгиркунии иштирокчиёни амалҳои ҷиноятӣ, шахсони гумшуда, шахсони аз мақомоти тафтишот паноҳшуда, муқаррар кардани шахсият, ҷасад ва дигар чорабиниҳои оперативиро дар асоси қонун амалӣ менамоянд.
287Авалин маротиба дар сохтори Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД) ҶШФСР (РСФСР) 5-уми октябри соли 1918 мақомоти кофтукови ҷиноятӣ таъсис ёфт, ки он дар асоси «Низомномаи ташкили шуъбаҳои кофтукови ҷиноятӣ» фаъолият менамуд.
Мақомоти кофтукови ҷиноятӣ ба Раёсати кофтукови ҷиноятии КХКД(НКВД) бо номи Кофтукови марказӣ (Центррозыск ) тобеъ буд. Шуъбаи марказии кофтукови ҷиноятӣ дар Сарраёсати милитсияи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро 24-уми декабри соли 1921 таҳти №121 таъсис ёфт. Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ мақомоти кофтукови ҷиноятӣ такмил ёфта дар собиқ ИҶШС (СССР) ва 15 ҷумҳуриҳои он таъсис дода шуда, ба ВКД ИҶШС тобеъ буд. Дар ҶШС Тоҷикистон низ Раёсати кофтукови ҷиноятӣ фаъолият менамуд.
Махсусан дар давраи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мақомоти кофтукови ҷиноятӣ дар баргардонидани гурезагон, таъмини сохти конститутсионӣ, ваҳдати миллӣ, мубориза алайҳи намудҳои гуногуни ҷинояткорӣ хизматҳои бузург намудааст. Дар бораи паҳлуҳои гуногуни мақомоти кофтукови ҷиноятии Тоҷикистон олимони ватанӣ аз қабили Раҳимзода Р.Ҳ., Розиқзода А.Ш., Назарзода Н.Ҷ., Зоир Ҷ.М., Солиев К.Ҳ., Шарифзода Ф.Р., Қосимов Ф.М., Хоҷаев У.Т. ва дигарон дар асарҳои худ маълумоти кофӣ додаанд.
Тадқиқотҳо оид ба таърих ва фаъолияти мақомоти кофтукови ҷиноятии Тоҷикистон идома доранд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...