Чорабиниҳои варзишӣ дар Академияи ВКД
Баҳри тарғиби ҳаёти солим, ҷиҳати тақвият бахшидани омодагии ҷисмонӣ, солимии руҳу бадан ва пешгирии вазни аз меъёри муқарраргардида зиёд тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳамарӯза аз соати 17:00 то 18:30-дақиқа, дар майдончаи варзишӣ ва толори варзишии Академияи ВКД бо иштироки ҳайати доимӣ машқҳои варзишӣ таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи ТМ ва ОҶ майори милитсия Назарзода М.Г., омӯзгорони кафедра Нурализода А., Салимзода М., Саъдуллозода И. бо ҳайати шахсӣ аз руӣ бозиҳои варзишӣ (футбол, волейбол, баскетбол, тениси рӯи миз, самбо), давидан, обутоби бадан чорабиниҳои муфидро ба роҳ мондаанд.
Мавриди қайд аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академия ба варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои курсантону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардаанд.
Асламов Б.С., Убайдуллонв Ш.Э.