Қадами хайру муборак қадами Наврӯз аст!
Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, имрӯз - 20-уми март, маросими бошукӯҳи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани студияҳои сабти овоз ва барномаҳои телевизионӣ, инчунин машқгоҳи электронии тирпаронӣ барпо гардид.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни ифтитоҳи студияи сабти овоз бо кори таҷҳизоти ҳозиразамони сабткунӣ ошно гардида, бо курсантону кормандони ҷавони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки машғули кор буданд, ҳамсуҳбат гардид.
Ҳангоми ифтитоҳи студияи сабти барномаҳои телевизионӣ, ки ҳамроҳ бо студияи сабти овоз дар ошёнаи ҳаштуми Академия воқеъ гардидаанд, Вазир бо шароити мавҷудбуда барои банаворгирии барномаҳои телевизионӣ ва кори таҷҳизотҳое, ки барои дар сатҳи баланд ва сифатнок омода намудани барномаҳои видеоӣ хизмат мерасонанд, аз наздик шинос шуд. Дар ин ҷо, роҳбари аввали мақомот ба хотири дар амал санҷидани кори ин студияи барномасозӣ, худ дар сабти барномаи телевизионӣ иштирок намуда, дар мавзӯи ҷаҳонӣ шудани Наврӯзи Аҷам, дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо, алалхусус дар мақомоти корҳои дохилӣ ва Академияи он, фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат ва таҳсил барои насли ҷавони мақомот, баланд бардоштани малакаи корбариву донишандӯзии курсантон ва кормандону омӯзгорони ҷавон ва дигар паҳлӯҳои марбут ба таълиму тарбияи ин насли ояндасоз суҳбати судманд орост.
Рамазон Раҳимзода ифтитоҳи студияҳои сабти овоз ва сабти барномаҳои телевизиониро дар Академияи ВКД идомаи корҳои созандагӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, иброз намуд, ки амалисозии иқдоми мазкур ба баланд гардидани савияи дониши курсантону кормандони ҷавони ин таълимгоҳ, хусусан дар масъалаи суханвариву баёни озодонаи нутқ ва забондонии онҳо таъсири калон мерасонад.
Тавре Вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, бо мавриди истифода қарор додани ин ду студия ҳайати кормандону омӯзгорони Академия, махсусан курсантону шунавандагоне, ки ҳунару истеъдоди эҷодкориву санъатнигорӣ доранд, метавонанд суруду тарона, гузоришҳои радиоӣ ва барномаҳои телевизионии фарҳангию фароғатии худро сабт намоянд. Инчунин, студияҳои сабти овозу барномаҳо метавонанд барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ҷамъомаду чорабиниҳои дохилимактабӣ мусоидат намоянд.
Дар ошёнаи дуюми Академия роҳбари аввали ВКД аз намоишгоҳи дастовардҳои варзишии ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дидан намуда, бо он курсантони варзишгаре, ки бо иштирокашон дар чандин мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти корҳои дохилии онро баланд бардоштаанд, ҳамсуҳбат гардид. Зимни суҳбат бо ин ҷавонони варзишгар Вазир аз шароити фароҳамоварда барои онҳо, вохӯриҳои пайвастаи Роҳбари давлат бо варзишгарони мамлакат ва мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор доштани соҳаи варзиш дар мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан дар Академияи ВКД ёдоварӣ намуд. Тавре Рамазон Раҳимзода иброз намуд, имрӯз чун дар дигар ҷузъу томҳои мақомот, дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ низ толорҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо тамоми асбобу ҷиҳози зарурии машқу тамрин мавҷуданд.
Дар ин ҷо, Вазири корҳои дохилӣ бо варзишгардухтари ҷавону умедбахш Миҷгона Самадова ҳамсуҳбат шуд. Миҷгона, ки курсанти соли якуми факултети №2-и Академияи ВКД мебошад, дар бисёр мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ карда, бо ғалабаҳояш дар ин гуна чорабиниҳои муҳим борҳо парчами Ватани азизамон баланд афрохта шудааст. Аз ҷумла, ба ин ҷавониаш нигоҳ накарда, ӯ зимни иштирок дар панҷумин бозиҳои осиёӣ, ки моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Ашқобод баргузор гардиданд, дар намуди кикбоксинг ҷойи аввал ва медали тиллои ин мусобиқаи сатҳи баландро ба даст овард.
Вазир аз ин дастовардҳои варзишии курсантони Академия изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки дастгириҳои ҷавонони варзишгари мақомот дар оянда низ идома ёфта, роҳбарияти ВКД барои иштироки фаъоли онҳо дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Баъди ин, Вазири корҳои дохилӣ, дар ошёнаи дуюми бинои Академия, ба фаъолияти машқгоҳи электронии нишонзанӣ оғоз бахшид. Тавре масъулини муассисаи таълимӣ иттилоъ доданд, ин машқгоҳ, ки бо муосиртарин таҷҳизоти компютерӣ ва дастгоҳҳои нишонзанӣ таъмин аст, ба кормандону курсантони Академия имкон медиҳад, ки тарзи дурусти истифодаи силоҳи оташфишонро ба хубӣ аз худ намоянд ва маҳорати нишонзаниашонро ҳам беҳтар кунанд. Ҳамзамон, бо намоиши наворҳои электронӣ дар экрани калон, курсантону кормандон ва омӯзгорони Академия дар ин машқгоҳ тартибу усули дар ҳолатҳои гуногун истифода намудани силоҳро меомӯзанд, ки чунин тарзи кор амалан боиси баланд гардидани маҳорату малакаи касбии онҳо хоҳад шуд. Дар ин ҷо, Вазири корҳои дохилӣ худ дар амал кори машқгоҳи электрониро санҷида, ба шароити муҳайёгардида дар он баҳои баланд дод.
Сипас, дар саҳни Академия, Рамазон Раҳимзода дар назди ҳайати омӯзгорону кормандон ва курсантони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ кард. Дар оғози баромад Вазир онҳоро бо фарорасии ҷашни ниёгон - Наврӯзи оламафрӯз табрику муборакбод намуд.
Зимни суханронии худ роҳбари аввали мақомот аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз намуд, ки мақоми байналмилалӣ касб намудани Наврӯзи Аҷам низ аз ҷумлаи ҳамин гуна иқдомҳои Президенти кишвари мо ба ҳисоб меравад.
«Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд, ки дар доираи ин ташаббуси наҷиб, дар баробари дигар мақомоту идораҳо, дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он низ як қатор чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ гузаронида шуда истодаанд. Тавре маълум аст, мақсад аз эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба таври шоиста муаррифӣ намудани Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар ин сол теъдоди зиёди сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ҷумҳуриамон ташриф меоранд ва моро зарур аст, ки бо рафтору гуфтору пиндори некамон бо онҳо муносибату муоширати дуруст карда тавонем. Дар ин замина, пеш аз ҳама, мо - хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла, шумо - шогирдони азизро хеле зарур аст, ки ба масъалаи омӯзиши забонҳо диққати ҷиддӣ дода, кӯшиш намоед дар баробари аз худ кардани забони давлатӣ, ҳамзамон забонҳои хориҷиро низ аз бар намоед», - иброз намуд Рамазон Раҳимзода.
Дар идомаи суханрониаш Вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки имрӯз бо дастгириҳои Пешвои миллат барои насли ҷавони мақомот беҳтарин шароитҳои кору хизмат ва таҳсил фароҳам оварда шудааст. Дар Академияи ВКД, ки соли гузашта аз тарафи Роҳбари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, тамоми шароитҳо муҳайё ҳастанд, ки ҳамаи ин барои дар сатҳи баланд омода сохтани мутахассисон мусоидат хоҳад кард.
«Қайд кардан зарур аст, ки ҳар қадаре шароитҳои кориву хизматӣ ва таҳсил беҳтар карда шаванд, ҳамон қадар талаботҳо низ зиёд мегарданд. Аз ин рӯ, ҳайати омӯзгорону курсантони Академияро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, ки бароятон беҳтарин шароитҳоро фароҳам овардаанд, бо хониши аъло, одобу ахлоқи намунавӣ, маърифати баланди инсонӣ, маҳорати кордониву суханварӣ ва масъулиятшиносӣ баҳри аз ин ҳам баландтар гардидани нақши милитсияи тоҷик дар ҷомеа саъю талош намоед», - таъкид кард Рамазон Раҳимзода.
Баъдан, зери навои оркестри ҳарбӣ расми гузашти низомии ҳайати кормандону омӯзгорон ва курсантону шунавандагони Академия баргузор гардид.
Дар идомаи ин чорабинии бошукӯҳ, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардорони ҷузъу томҳои мақомот ба маҳалли Наврӯзгоҳи ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ташриф оварданд. Дар ин ҷо Вазир аз намоишгоҳи дастовардҳо ва маҳсули дастони омӯзгорону курсантони Академия боздид ба амал оварда, онҳоро бо фарорасии Наврӯзи фархундапай табрик намуд.
Тавре сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба Вазири корҳои дохилӣ ва дигар меҳмонони чорабинии идона иттилоъ дод, дар Наврӯзгоҳи ин муассисаи таълимӣ тамоми шуъбаву факултетҳо маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузошта, ҳар кадом намоишгоҳи онҳо бо такя ба қадимӣ будани иди ниёгон - Наврӯзи Аҷам ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ороста шудаанд.
Дар интиҳои маҳфили наврӯзӣ, Вазири корҳои дохилӣ бори дигар ҳайати омӯзгорону курсантони Академияро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд. Тавре ӯ бо қаноатмандӣ изҳор дошт, тайи солҳои охир олимону омӯзгорон ва курсантони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар баргузории на танҳо чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангии худи таълимгоҳ, балки сатҳи Вазорати корҳои дохилӣ, шаҳри Душанбе ва ҷумҳурӣ аз худ фаъолнокӣ нишон медиҳанд. Албатта, ин ташаббусҳои арзанда шоистаи таҳсин мебошанд.
Умед ОЧИЛОВ,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ,
Обид САФАРОВ