Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таҳаввул, вазъи имрӯза ва дурнамои рушд

277

Яке аз соҳаҳои мустақили илми кишвар, соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ватанӣ мебошад, ки маҳз дар замони истиқлолияти кишвар ба асосҳои бунёдии он заминаҳои воқеӣ гузошта шуда, аз доираи соҳаи фаъолияти амалӣ ба бахши муҳими илм мубаддал гардидааст. Дар ин ҷода нақши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мақоми шоиста дорад.278
Бо мақсади иҷрои талаботи банди 34 фасли 3 «Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», 5 октябри соли 2023 дар толори Шӯрои диссертатсионии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ва кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯии факултети № 6 Академияи ВКД, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таҳаввул, вазъи имрӯза ва дурнамои рушд» бо иштироки меҳмонон аз мақомтҳои ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқони кишвар ва омӯзгорону курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикстон доир гардид.
279Дар оғози кори конференсияи илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р. Р., баромад намуда, иштирокчиёни конференсияро ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хайрумақдам гуфта, барояшон дар кори конференсия барору комёбӣ таманно намуд.280
Раҳмадҷонзода Р. Р., дар баромади худ қайд кард, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабинии илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таҳаввул, вазъи имрӯза ва дурнамои рушд», яке аз чораҳои саривақтӣ мебошад. Инчунин қайд намуд, ки дар самти амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ проблема ва мушкилиҳое зиёде мавҷуданд, ки аз масъулини соҳа нигоҳи касбӣ, таҳлилӣ ва тадқиқиро тақозо менамояд. Дар баромади худ Раҳмадҷонзода Р. Р., таваҷҷуҳи иштирокчиёни конференсияро ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби соҳа ҷалб сохта, барои дар оянда мукаммалсозии қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пешниҳодҳои худро иброз намуд.
Тибқи барномаи конференсия, иштирокчиён аз Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовадинови АМИТ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи Олии сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати амнияти дохилии ВКД, Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РМЗГҒММ ВКД, РМЗҶМ ВКД, Раёсати тафтишоти ВКД, Раёсати ташхисӣ (эксперт) – криминалистии ВКД, Бюрои миллии марказии «Интерпол» - и ВКД, вобаста ба мавзуи конференсия, баромад намуданд.
Баромади иштирокчиён бо саволу ҷавобҳои зарурии мавзуи конференсияи мазкур гузаронида шуда, баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи иштирокичиёни конференсия якқатор пешниҳодҳо барои такмил додани қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ манзур гардид.
Дар охири кори конференсия муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р. Р., баромад намуда, қайд кард, ки баргузор гардидани чунин конференсия дар мавзуи баррасишуда боиси он мегардад, ки проблемаҳои муҳими фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифу пешниҳодоти мушахас дар самти мукаммалсозии қонунгузории соҳа манзур карда шаванд.
Ҳамзамон, пешниҳод мегардад, ки бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкории судманди мақомоти дахлдор чунин чорабиниҳо ба таври мунтазам дар минтақаҳои кишвар бо ҷалби кормандони мақомоти судӣ, прокуратура ва субъектони амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор шуда, натиҷаи масъалаҳои баррасишуда дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гарданд.
Абдулло Абдулло Раҳматулло, сардори кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...