Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни Рӯзи забони давлатӣ дар Академияи ВКД

273«Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад», бо чунин суханони ҷаззобу волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ, полковники милитсия Ализода А.Ш., ҳусни оғоз бахшид.274
Шоири халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири нашриёти «Адиб» Муҳтарам Ҳотам – дар суханронии хеш иброз намуд, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Метавон гуфт, ки дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ба фаҳму дарки аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавон расонидани таъриху тақдири забони тоҷикӣ, қудрату тавоноии он ҳамчун муқаддасоти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлол ва тақвияти худшиносии миллӣ, тарбияи руҳияи ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, бедор намудани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба забон ва омӯзишу аз худ намудани забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, инчунин ба боло бурдани сатҳи худогоҳии маърифатию маънавӣ ва мафкуравии мамлакат мусоидат мекунад. Илова бар ин забон падидаи фарҳанги миллист, ки маҳз тавассути он миллат ҳувияти хешро таҳким бахшида, муаррифӣ месозад ва онро ҳифз менамояд…
Омӯзгорони кафедраи забонҳои Академияи ВКД низ дар мавзуъҳои гуногун: «Пешвои миллат оид ба азамат ва шукуҳи забони тоҷикӣ», «Бозтоби масъалаҳои мубрами забон дар асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу бум дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ курсантони курси якум дар васфи забони тоҷикӣ аз ашъори шоирони классику муосир шеърҳо қироат карданд.
Ҳамрозода М., майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...