Ташрифи шунавандагони факултети №3 ба китобхонаи миллӣ
Китоб дар ҳар давру замон барои пешрафти рушди шахсият ва ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб мерафт ва имрӯз ҳам, ки технологияи нави компютерӣ имконоти хубтару осонтареро дар ихтиёри мо гузоштааст, истифода аз китоб ногузир аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаи нигоҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ тавваҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтаммадун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад. Ҳеҷ неруе тавонотар аз китоб нест.
Дар ин радиф бо дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзали Раҳмоналӣ шунавандагони курси 5 - уми факултети №3 Академияи ВКД санаи 28 сентябри соли 2023 барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангу шудан ба китобхонаи миллӣ сафарбар карда шуданд. Чунки китоб дар тарбияи маънавию ахлоқии одамон хусусан ҷавонон ва умуман дар такил ва рушди маънавии ҷомеа нақши созгор ва созанда дорад.