Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ - амалии байналмилалӣ

134Санаи 23-юми сентябри соли 2023 дар Донишгоҳи Прократураи Федератсияи Россия конференсияи илмӣ - амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Мактаби илмии профессор Владимир Петрович Лавров: таърих ва муосир» бахшида ба ёдбуди 90-солагии ин олими бузург баргузор гардид.135
Ба таври маҷозӣ (он-лайн) дар кори конференсияи мазкур муовини сардори Академия, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., сардори шуъбаи адъюктура, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Самиев Н.М., сардори кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияхои рақамӣ н.и.ҳ., полковники милитсия Арипов А., ходими калони илмии шуъбаи адъюнктура, полковники милитсия Асламов Б.С. ширкат намуданд.
Оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмии профессор В.П.Лавров ва саҳми он дар тайёр намудани олимони криминалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Академия оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., сардори шуъбаи адъюктура, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Самиев Н.М. маърӯзаҳо намуданд.
Конференсияи илмӣ - амалии байналмилалӣ бори дигар нишон дод, ки робитаҳои илмии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираҳои илмии Федератсияи Россия густариш ёфта истодааст. Аз ҷумла сардори шуъбаи адъюктура, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Самиев Н.М. рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Тафтиши ҷиноятҳои нокушодаи солҳои пешин» 6-уми апрели соли 2017 дар Академияи идоракунии ВКД ФР таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Лавров Владимир Петрович бомуваффақият ҳимоя намуд.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...