Ташрифи шунавандагони курси такмили ихтисос ба китобхонаи миллӣ
Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзали Раҳмоналӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбият, саводу дониш ва хираду маърифат, арҷгузори ба арзишҳои миллӣ шунавандагони курси такмили ихтисоси факултети №3 аз ҳисоби кормандони ҷузъу томҳои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарс фаро гирифта шудаанд аз китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд. Намояндаи китобхонаи миллӣ бо шунавандагон вохурӣ гузаронида дар бораи хазинаи китобхона, аввалин рӯзномаҳои тоҷикӣ, китобҳои нодир, маҷалаҳои бонуфузи тоҷикӣ, ёдгориҳои мероси модию маънавии кишвар ёдовар мешуданд.
Инчунин қайд кардан, ки китоб ҳифозатгари меъроси маънавӣ, манбаи ягонаи пайдоишу илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумот ва махазҳои заруриро ҳадя месозад, яъне ҳамроҳу ҳамдами онҳо мешавад ва аз зиндагӣ онҳо сабақ мегирад. Ин аст рисолати китоб ва китобхона.
Шунавандагон аз утоқҳои китобхонаи миллӣ шинос шуда, намунаи китобҳоро мутолиа намуданд.