Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши асари “Чеҳраҳои мондагор» - и Пешвои миллат василаи хештаншиносӣ

264Ба табъ расидани китоби пурмуҳтаво ва аз ҷиҳати ғоя гаронмояву баландарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Чеҳраҳои мондагор” падидаи бузурги адабию фарҳангӣ ва таърихӣ ба шумор рафта, дар тарбияи комил ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, худҷӯӣ, худогоҳӣ ва маърифатандӯзию ватанпарварии насли наврас ва ҷавонони ояндасозӣ миллат нақши барҷастаю муассир дорад. Мусаллам аст, ки омӯзиши таърихи пурифтихори миллат, марҳалаҳои ташаккулу таҳаввул ва рушдӣ тафаккури давлатдории он, муқовимату муборизаҳои хунину ҷонфидоёна алорағми душманону бадхоҳони аҷнабӣ, ки чашми тамаъ ба замину марзҳои тоҷикон духта буданд ва ҷаҳду талошҳо бахри бақою ҳастии давлати бузург, якпорчагию ваҳдат, меҳру муҳаббати амиқ ба ватан, кишвар ва ниёгони хирадварзу бонаҷобат, ғаюру ҷасур аҳамияти бағоят бузургу ногусастанӣ дорад.
“Чеҳраҳои мондагор” матлабҳои пурмҳӯтаворо дар бораи зиндагинома, фаъолияти вижаи сиёсию фарҳангии 25-тан Арбоби давлатӣ, пешвоёни сиёсӣ, муборизони ҷодаи озодӣ, намояндагони дину мазҳаби тоисломӣ ва баъдиисломӣ, олимону шоирону нависандагони классики форсу тоҷик ва муосир, ки кору пайкор ва осори пурғановаташон воқеан ҳам, тамаддунофару миллатсоз маҳсуб меёбанд, дар бар гирифтааст.
Аз хулосаву натиҷагириҳои Пешвои муаззами миллат аён мегардад, ки дар қиёс бо кишваркушоёну ҷаҳонгирони қабл аз Куруш ба сар бурда, вай баръакс ба ҳар шаҳру вилояте, ки қадам мегузошт, бар он ҷо бо мардум аз дари сулҳу осоиштагӣ ва дӯстию хайрхоҳӣ суҳбат меоросту муносибати инсондӯстона мекард. “Парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол” мақолаест, ки ба қаҳрамонию шуҷоат ва родмардию диловариҳои фарзанди сарсупурдаи тоҷик - Спитамен бахшида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабку шеваҳои муқовиматҳои низомии ватанхоҳонаю озодманишонаи Спитамен ва ҳамроҳони ӯро дар баробари лашкари бешумори тарбиятгирифтаю ҳамаҷониба машқдидаи муҷаҳҳаз бо кулли олоту абзори ҳарбии Искандари Мақдунӣ дақиқу равшан, бо забони фасеҳу рангин, ҳунармандона ба риштаи тасвир кашидаанд.
Дар мақолаи “Паёмбари ойини ростӣ”, ки аа шахсият ва таълимоти ҳаимонаю фалсафаи Зардушт бахшида шудааст, дар бораи дини зардуштия, хатару муборизаҳои душманон алайҳи донишманди машҳур сухан меравад.
Ҳамин гуна таҳлилҳои дақиқу илман асоснок бо далелҳову аркоми таърихиро навиштаҳо ба мақолаи “Паёмбар оину ростӣ”, “Бозтоби нур дар зулмат”, “Пешвои мардумдусти Эрони бостон” ва “Бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ”, ки бо масъалаҳо и ахлоқию тарбиявӣ пайванди ногусастанӣ дорад, падидор мегардад.
Афгори омӯзанда ва баррасию муҳокимарониҳои Пешвои миллат перомунӣ шахсияти беназири фарҳангию мазҳабӣ- Имоми Аъзам дар мақолаи “Асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро” бо диду хуллосабарориҳои вижа баён гардидааст.
Муҳтарам Пешвои миллат сабабу омилҳои зуҳуру таҳкимёбӣ ва тадриҷан рушду инкишофи давлати абарқудрати Сомониёнро марҳала ба марҳала аён сохта, ҳамчунин, ваҷҳи ба шикаст мавоҷеҳ гардидани онро дақиқу саҳеҳ нишон додааст. Аз ҷумла мегӯянд: “Хизмати бузурги таърихии Исмоили Сомонӣ ва ниёгони ӯ дар он буд, ки низоми ниҳоят муназзам, муассир ва фаъоли идораи мараказӣ ва маҳаллиро бунёд гузоштаанд”.
Дар фуруоварди сухан ҳаминро метавон гуфт, ки гирдоварӣ намудани андешаҳо роҷеъ ба китоби “Чеҳраҳои мондагор” дар як мақола аз имкон берун аст. Ва ин нуқта мусаллам аст, ки китоби мазкур дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсию мафкуравии насли ояндасози ҷомеаи муосир рисолати мондагори таърихиро ба сомон мерасонад. Дарси хештаншиносиро барои мо - курсантон меомӯзад.
НИЁЗОВ ОЛАМАФРӮЗ -
КУРСАНТИ КУРСИ 3-ЮМИ
АКАДЕМИЯИ ВКД
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...