Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан!

254(Бардошт аз суханронии Пешвои муаззами миллат бахшида ба Рӯзи Дониш - 1 сентябри соли 2023 дар Донишгоҳи тиббии вилояти Хатлон)
«Ниёгони бузурги миллати тоҷик дар
масири таърихи бостонии халқамон
ба омӯхтани илму маърифат ва касбу
ҳунар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда,
тавассути осори ҷовидонаи худ
инсониятро ба роҳи фаро гирифтани
илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ
аз нодониву ҷаҳолат ва расидан ба
рушду тараққиёт ҳидоят кардаанд».
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон


Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат ба аҳли илму маориф мебошад.
Дар шароити кунунӣ низоми маорифи миллии мо дар заминаи суннату анъанаҳои деринаи маърифатпарварии халқамон ва дастоварду комёбиҳои сиёсиву иҷтимоии давлати соҳибистиқлол ташаккул ёфта, тайи беш аз се даҳсола дар раванди рушди ҳамаҷониба ва босуботи ҷомеа нақши басо арзишманд бозида истодааст.
Зимни суханронии худ Президенти мамлакат бо ифтихорманди иброз доштанд, ки «Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем».
Агар муҳтавои суханронии Пешвои муаззами миллатро дарк намоем, се муроҷиати хоссаро мушоҳида менамоем, ки ин як навъ эътимоду бовари ва вазифагузорихои навро ба субъектони асосии соҳаи маорифи кишвар рабт медонад.
Аввалан, Пешвои муаззами миллат ба чавонон ва донишҷӯёну хо-нандагон мурочиат карда, вазифаи аввалиндараҷаи онхоро аз хондан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳо ва мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир рзёби карданд. Мусаллам аст, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад. Аз ин хотир ин кишри чомеаро зарур аст, ки будани худро нишон диханд. Пешвои муаззами миллат бо самимият ва мехри падарона ироа доштанд: «… аз шумо – фарзандону набераҳои азизам хоҳиш мекунам, ки ба қадри ҳар дақиқаи умр, бахусус, даври ҷавонӣ расед ва онро сарфи китобхонӣ, ҷустуҷӯи дониш, касбу ҳунар, анҷоми амалҳои неку шоиста, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, омӯзгорону тарбиятдиҳандагони хеш ва хизмат ба миллату давлат намоед».
Сониян, Пешвои муаззами миллат ба устодону омӯзгорони кишвар мурочиат намуда дар бораи рисолати муқаддасу бузурги омӯзгор ёдовар шуданд: «Ман ба ҳар яки шумо, ки рисолати муқаддасу бузурги таълиму тарбияи наслҳои ояндасозро ба дӯш доред, муроҷиат карда, такроран таъкид менамоям, ки дар кадом зинаи таҳсилот фаъолият дошта бошед, дар навбати аввал, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти худ эътибори доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоед».
Ногуфта намонад, ин нуктаро Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ низ хитоб намуда буданд: «… агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад». /Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон, аз 23 декабри соли 2022 /
Дар ҳақиқат, воқеияти имрӯз дар назди мактаб ва омӯзгор масъалаҳои ҷиддиро пеш мегузорад. Шинохти манфиати миллат, худшиносӣ ва хидмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии диёр масъулияти омӯзгорро дар назди имрӯзу оянда зиёд месозад. Пайвастагии илму амал дар хонанда шавқи пурсуҷӯ ва кунҷковӣ фароҳам оварда, ӯро ба шахси комил будан, яъне ба сӯи дунёи дониш ва озод зистан раҳнамоӣ мекунад. Агар моҳияти аслии илму дониш ва таҳсилоти асилро ба хонанда расонда тавонем, ӯро инсони комилан дигар месозем. Дигар ӯ асири хурофот намешавад, мо ӯро дониш омӯхта, бо аслиҳаи илм ва мантиқ мусаллаҳ месозем. Вақте инсон ба илму дониш мусаллаҳ шуд, дар бораи ҳама чиз дуруст ва саҳеҳ муҳокимаронӣ мекунад. Аз ин лиҳоз маҳз омӯзгор метавонад шахсро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун созад. Маҳз ба инсонсозии омӯзгор такя намудани Пешвои муаззами миллат бояд ҳисси масъулияту ватандӯстиро дар ниҳоди ҳар як омӯзгори кишвар даҳчанд баланд намояд.
Охиран, Пешвои муаззами миллат ба падару модарон муроҷиат карда, ёдовар шуданд, ки «…ханӯз аз қадимтарин давраҳо донишмандону давлатмардони мо дар таълифоти ахлоқии худ, ки ба тарбияи фарзанд бахшида шудаанд, вазифаи нахустин ва муқаддаси падару модарро дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд донистаанд».
Албатта, рисолати бузурги падару модарон дар назди ҷомеа ва халқу Ватан аз он иборат аст, ки фарзандони худро дар руҳияи эхтиром ба арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ, расму ойинҳои миллӣ ва суннатҳои маърифатпарварии гузаштагонамон тарбия карда, хамкории доими бо мактабу омӯзгор дошта бошанд.
Ногуфта намонад, ки танҳо дар сурати ҳамкории доими байни ниҳодхои муҳимтарин, ба монанди оила, мактаб ва ҷомеа метавонем насли ҷавонро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун созем.
Бойзода Ҷамшед Ҷумабой, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...