Идомаи ободкорию созандагӣ дар Академияи ВКД
Имрӯз (17.03.с.2018), дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободкорию созандагӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ маъракаи дарахтшинонӣ ва тозаю озода намудани гирду атрофи биноҳои маъмурии Академияи мазкур бо иштироки устодону курсантон доир гардид.
Дар ин чорабинӣ ҳайати омӯзгорону профессорони Академияи ВКД ва шунавандагони факултети №3 низ фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба сабзазоркунию дарахтшинонӣ ва нарм намудани бехи ниҳолҳо машғул шуданд.
Мавриди қайд аст, ки дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.
Наврӯз барои инсонҳо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ мебошад.
Аз ин рӯ, дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ имрӯзҳо чорабиниҳои ободкорию созандагӣ, сабзазоркунию дарахтшинонӣ ва тозаю озода намудани гирду атрофи биноҳои маъмурию хизматӣ идома дошта, кормандони милитсия дар қаламрави кишвар дастаҷамъона дар ин маъракаҳо саҳм мегузоранд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.