Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар Академияи ВКД дар партави суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш

2391-уми сентябри соли 2023, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок ва суханронӣ намуда, бо аҳли маорифи мамлакат мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод намуданд. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли маорифи кишвар иброз намуланд: « Дар шароити нави татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф гузаштан аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон аҳаммияти торафт бештар касб менамояд.Тавассути такмили ихтисос омӯзгор метавонад таҳсилоти заминавии худро таҳким бахшида, фаъолияти хешро ба муҳит ва талаботи нави иқтисодиву иҷтимоӣ мутобиқ созад.Шароити кунунии пешрафти илму техника талаб мекунад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд.Дар робита ба ин, ду масъалаи муҳимро, ки борҳо гуфтаам,бори дигар таъкид менамоям.Робитаи илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки аҳаммияти торафт бештар ва мубрам касб карда истодааст.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ наврасону ҷавонон ва хонандагону донишҷӯёнро созандагони фардои Ватан мешуморад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат ба шумо – ҷавонони шарафманди кишвар эътимоди комил дорам. Шумо ҷавонону наврасон, дар навбати аввал, хонанда ва донишҷӯ, яъне ҷӯяндаи дониш ҳастед, ки вазифаи аввалиндараҷаатон хондан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳо ва мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир мебошад.Ҷавоне, ки соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар аст, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад, хору зор намешавад, дар ҳар ҷое, ки бошад, ҷойи кор меёбад ва зиндагии бобаракат мебинад, зеро дунёи маънавии ӯро ақлу хирад, донишу маърифат ва саъю талош пурбор гардонидааст.Дар баробари ин, аз шумо – фарзандону набераҳои азизам хоҳиш мекунам, ки ба қадри ҳар дақиқаи умр, бахусус, даври ҷавонӣ расед ва онро сарфи китобхонӣ, ҷустуҷӯи дониш, касбу ҳунар, анҷоми амалҳои неку шоиста, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, омӯзгорону тарбиятдиҳандагони хеш ва хизмат ба миллату давлат намоед.Кӯшишу талош намоед, ки дар баробари мутахассиси ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи имрӯзу фардои кишвар будан, Ватани азизи худро дӯст доред ва барои хизмат ба он ҳамеша омода бошед».
1-уми сентябри соли ҷорӣ дар Академияи ВКД ҳамчунин вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсӣ, курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД ва Муассисаи давлатии Коллеҷи милитсияи ВКД доир гардид.
Вазири корҳои дохилӣ нахуст устодону курсантон ва шунавандагонро бо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ табрик намуда, барояшон муваффақияту барор ва баҳрашон дар омӯзиши илму дониш пешравӣ орзу намуд.
Дар Академияи ВКД бо ибтикори Вазири корҳои дохилӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Сардори Академия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар замони Истиқлолияти кадрҳои баландихтисос ва ҷасуру далерро омода гардида истодааст, ки онҳо дар лаҳзаҳои вазнину ҳассоси кишварамон ҳомиёни воқеии Ватан ва ҳимоятгарони манфиатҳои миллӣ будани хешро исбот намуда истодаанд.
Хушбахтона, имрӯз ҳайати профессорон ва омӯзгорони ин даргоҳи низому маърифат, тарзу усулҳои таълимро такмил дода, дурнамои корҳои илмӣ ва навовариҳоро амалӣ менамоянд. Ҳоло дар Академияи ВКД 186 нафар омӯзгорони доимӣ, 84 нафар омӯзгорони ҳамкор ва 30 нафар омӯзгорони корбайъ фаъолият доранд, ки аз онҳо 7 нафар профессору докторони илм, 45 нафар номзад ва 7 нафар дотсент мебошанд. Ҳайати профессорон ва омӯзгорон дар 7 самт оид ба масъалаҳои мубрами илм ва амалияи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва 4 мавзӯи илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда корҳои тадқиқотиро анҷом медиҳанд. Имрӯзҳо дар назди Академияи ВКД шуъбаи адъюнктура аз рӯи ихтисосҳои пешниҳодшуда (ихтисосҳои 12.00.11 - фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва 12.00.12 - криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ) амал мекунад. Дар баробари ин, ихтисосҳои дар боло зикргардида бевосита ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ тааллуқ доранд. Ҳамзамон, аз рӯи ихтисосҳои пешниҳодшуда ба истиснои Академияи ВКД, дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ таҳқиқот бурда мешавад. Ин корҳо тавассути номзадони илм ва ҳам дотсентон амалӣ мешавад, ки миқдори умумии онҳо кифоягӣ наменамояд. Ҷой доштани норасоии кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ дар соҳаи илмҳои пешниҳодгардида тақозо намуд, ки дар Академияи ВКД ташкили Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм мувофиқи мақсад дониста шуда, дархост ба Комиссияи олии аттестатсионӣ тибқи талабот ирсол гардид ва ин дархост дастгирӣ ёфт. Ба ҳайати Шӯрои диссертатсионӣ 8 доктори илм ва 3 номзади илм аз рӯи 2 ихтисос дохил шудаанд, ки аз онҳо 6 нафарашон корманди Академияи ВКД мебошанд. Тамоми раванди ҳимояи рисолаҳои илмӣ тариқи онлайнӣ бо муассисаҳои ҳамто аз мамлакатҳои аъзои ИДМ нишон дода мешаванд.
Сардори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ Вазири корҳои дохилиро бовар кунонид, ки минбаъд ҳам имконоти пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти ихтисосҳои нодир бо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шуда, сифати омодасозии кадрҳо боз ҳам беҳтар хоҳад гардид.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...