Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии фарҳангию фароғатӣ дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ

228

Бо фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, 26 августи соли равон муовини сардори Академия оиди кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Шарифзода М.С. ва дастаи ҳаваскорони Академияи ВКД ба қисми ҳарбии №6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҷо курсантони навшомилшуда ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 машқҳои таълимӣ-саҳроиро гузаронида истодаанд, вохӯрӣ доир намуданд.224
Дар рафти вохӯрӣ полковники милитсия Шарифзода М.С. дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷомеа ва давлат аз хатарҳои муосири экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта бо таври содаву равон иброз дошт.
225Ҳамчунин қайд намуд, ки дар ин лаҳзаҳои мураккаби ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон танҳо матонату мардонагӣ, ватандӯстиву адолатпарварӣ, эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, таъриху адаби пурифтихори миллати тоҷик моро аз ин хатарҳо эмин медоранд.226
Дар фарҷоми суханронӣ ба курсантони курси якум дар самти таъмини риояи интизоми хизматӣ, бо баҳои хубу аъло хондан, ба забономӯзӣ диққати махсус зоҳир кардан ва бо таври мунтазам ба варзиш машғул шуданд, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
227Дар анҷом аз ҷониби дастаи ҳавакорони Академияи ВКД чорабинии фарҳангию фароғатӣ баҳри болидарӯҳии курсантони навшомилшуда доир карда шуд.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...