Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсантони қабули соли 2023-и Академияи ВКД бомуваффақият ҷамъомади саҳроиро сипарӣ намуданд

219

Тибқи фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 2023, таҳти №579 “Оид ба гузаронидани ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ бо курсантони курси 1-уми факултетҳои №№2, 4, 5 ва 6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024” ва мутобиқи дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ оид ба татбиқи “Нақша-чорабиниҳо ҷиҳати гузаронидани ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ бо курсантони курси 1-и факултетҳои №2, №4, №5 ва №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли қабули 2023” аллакай корҳои мушаххасе ҳамарӯза ба анҷом расонида шуда истодааст.220
Сардори ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ, подполковники милитсия Исмоилзода Обид Нурмуҳаммад ва дастаи афсарону омӯзгорони ботаҷрибаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қисми ҳарбии РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ - довталабон, феълан курсантони навшомилшударо аз машқу тамринҳои 40-рӯза гузаронида истодаанд.
221Ҳолати беш аз якҳафтаинаи онҳо нишон дод, ки ҷавонони навшомил ба талаботи навашон дар зиндагӣ, реҷаи низомӣ ва хусусан дар шароити мушкили куҳӣ-саҳроӣ ба ҳаёти ҳарбӣ мутобиқат шуда истодаанд.
Албатта фаъолиятҳои низомӣ ҳар як дақиқааш мушаххас буда, аз ҷониби роҳбарияти болоӣ тақсим ва ба тасвиб расидааст. Тамоми ҳайати шахсӣ дар асоси он фаъолиятҳояшонро ба иҷро мерасонанд. Агар ҳар як шахси ба ин муҳит ва ба ин реҷа воридгашта мутобиқ шавад, оянда кору амал ва дар маҷмуъ хизматаш осон хоҳад гашт.222
Мегӯянд: ранг бину ҳол пурс. Симо, ҳаракату амал ва рафтору гуфтори курсантон нишон дод, ки онҳо бо як дилгармӣ, шавқу рағбат, ҳавас ба ин реҷаи низомӣ ворид гашта, нишондиҳандаҳоро рӯз ба рӯз хубтару бештару беҳтар ба иҷро расонида истодаанд.
Ҳайати фармондеҳии ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ низ барои бо сифат гузаронидану бо натиҷаҳои дилхоҳ ба анҷом расонидани он ҳамарӯза талош меварзанд ва ҳама чораҳои заруриро меандешанд. 17 нафар афсарони ботаҷриба, ҳар яке дар самти таълим, варзиш, истироҳат, фароғат чорабиниҳои ташкилӣ-тарбиявӣ ва оммавӣ-фарҳангиро ба амал мебароранд. Ҳар як командирони гурӯҳҳои таълимӣ талош меварзанд, ки ҷузъу томи худро аз монеаҳо ва талаботи гузошташуда бо сарбаландӣ бароранд.
20-уми августи соли 2023, ки рӯзи тафреҳӣ буд барои курсантон мусобиқаҳои варзишӣ миёни гурӯҳҳои таълимӣ гузаронида шуд. Комиссияи босалоҳият аз ҳисоби омӯзгорону афсарони қисми ҳарбии будубош натиҷаҳои бадастовардаи курсантонро одилона баррасӣ намуда, дар ҷамъомади пагоҳирӯзии умумии санаи 21 август онҳоро ҷамъбаст намуда ғолибонро бо мукофотҳо қадрдонӣ намуданд.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...