ШАНБЕГӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД
Одатан дар фасли тобистон аксари кормандони корхонаву идораҳо, муассисаҳо ва ғайраҳо ба рухсатӣ мебароянду муддати тулонӣ, яъне қариб 1, 5 моҳ ба ҳолати ҳудуду биноҳо кам таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Чунин ҳолат бештар ба муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ, мактабу донишкада ва донишгоҳҳо, корхонаву муассисаҳои то мактабӣ ва ғайра хос мебошад.
Лекин, ҳудуд ва ҳолати нигоҳубини Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 366 рӯз таҳти нигоҳубини ҳамарӯза қарор дорад. Зеро, кору фаъолият ва хизмат дар ин ҷо ба таври низомӣ ҳаст ва бар асари он фаъолиятҳо, кадом самту навъи он набошад, ба таври муназзам ва муташаккилона шабу рӯз идома дорад.
Имрӯз ҳам дар ин муассисаи таълимӣ тахассусии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Академияи ВКД беш аз 200 нафар курсантон, афсарон, кормандони шуъбаи хоҷагидории Академия ба шанбегие, ки ҳар ҳафта муташаккилона сурат мегирад баромада буданд.
Аз субҳи барвақт то ин лаҳзаҳо 7 куб партовҳо ҷамъ карда шуда, 1740 метри квадратии ҳудуди таълимгоҳ аз хасу алафҳои бегона ва дигар партовҳо тоза карда шуд. Беш аз 150 дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан решаҳояшон нарм карда шуда, обмонии онҳо ба роҳ монда шуд.
Илова бар он худи ҳамин рӯз аз замини наздиҳавлигии Академия 618 кг. бодринг ва 120 кг. боимҷон ҷамъоварӣ карда шуда ба анбори таълимгоҳ супорида шуд. Кормандони хоҷагидории Академия бошанд аз ин маҳсулоти ҷамъоварикардашуда ба миқдори 453 банкаҳои 2 литра маҳсулоти консервӣ омода карда, барои зимистонгузаронӣ захира намуданд.