Донишу илм ганҷи бузург аст
6-уми июли соли 2023 дар Шӯрои Диссертатсионии 6D.КОА-055 дар назди Институти физикӣ-техникӣ ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарофзода Фирӯз Алиҷон – сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети № 5 Академияи ВКД таҳти роҳбарии Норматов Ином Шерович мудири кафедраи метеорология ва климотологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои химия., профессор, диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ дар мавзӯи “Қонуниятҳои тақсимоти шароитҳои гидрометеорологӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон” (“Закономерности распределения гидрометеорологических характеристик в бассейне реки Зарафшон”) аз рӯйи ихтисоси 25.00.30 – метеорология, климатология, агрометеорология бо муваффақият дифоъ намуд.
Бояд гуфт, ки дар таърихи Академияи ВКД ин аввалин дифоъ дар соҳаи илмҳои техникӣ мебошад, ки далели таваҷҷуҳи зиёди роҳбарияти ВКД ва Академия ба инкишофи илмҳои дақиқ ва риёзӣ мебошад.
Роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҳимоя намудани дисертатсияи номзадии Шарофзода Ф.А. бо самимияти саршор таҳният гуфта, пирӯзиҳои нав, пешрафту фатҳи баланди қуллаҳои илму дониш ва сарбаландию сарфарозиро таманно менамояд.
Роҳбарияти ВКД ва Академияи он умедвор мебошанд, ки дар оянда олимони ҷавон рисолаҳои номзадию докторӣ, корҳои илмию таҳқиқотии худро пешниҳод намуда, барои пешрафти илмҳои техникӣ, физикаю математикаи кишвар ва васеъгардонии фазои илмию эҷодии Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД