Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодӣ

989

23-юми июни соли 2023 дар Донишкадаи ҳуқуқшиносии Урали ВКД Россия (ш. Екатеринбург) конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Обеспечение экономической безопасности: экономическо-правовые проблемы, управленческие модели, современные технологии и практика» баргузор гардид. Дар кори конференсия олимон ва кормандони амалии соҳаи иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва амнияти Федератсияи Россия (алалхусус аз Вилояти Перм), Ҷумҳурии Қазоқистон, Беларус ва Тоҷикистон иштирок намуданд.990 Аз номи Академияи ВКД – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, майори милитсия Нидоев П.Ф. бо маъруза дар мавзӯи «Экономико-правовые проблемы экономической безопасности Республики Таджикистан» дар шакли маҷозӣ (онлайн) баромад намуда, қайд кард, ки бахши иқтисод муҳимтарин самти фаъолияти ҷомеа, давлат ва шахсият буда, таъмини амнияти иқтисодӣ яке аз бартариҳои асосии сиёсати ҳар як давлати соҳибистиқлол мебошад. Амнияти иқтисодӣ дар баробари таъмини амнияти кишвар, таъмини сулҳу оромӣ дар ҷомеа, амнияти экологӣ ва ғайра яке аз унсурҳои асосии ҳифзи давлат мебошад. Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани вазъи муътадили иқтисодиёти миллӣ ва пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ бо таҳлили ҳамаҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ тамоми чораҳоро андешида, ба мақомоти давлатӣ супоришҳои дахлдор медиҳад.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...