Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

985

26-уми июни соли 2023 дар Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ - омили рушди устувор ва ягонагии ҷомеа», бахшида ба таҷлили 26-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Семинари илмии мазкурро бо сухани  муқаддимавӣ роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ намуда, бо ин ҷашни тақдирсози миллӣ ҳозиринро  табрик намуданд.
986 Дар кори семинари илмӣ-назариявӣ олимону муҳаққиқон, устодони ботаҷриба ва курсантони аъзои ҷамъияти илмии назди кафедра, фаъолона ширкат намуда, бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Аз ҷумла, Олимов К. - академики АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърӯза дар мавзӯи «Сулҳу ваҳдат миллӣ - дастоварди бузурги таърихи миллии тоҷик, таҳти сарварии Пешвои миллат», Ҷӯраев Р. – дотсенти Донишгохи славянии Руссияву Тоҷикистон, маърӯза дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ- омили ваҳдатсоз», Раҳмонзода А. - муовини аввали директори Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.т., маърӯза дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-ташаббус ва ибтикори ҳамешагии Пешвои миллат», Асламов Б – ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, аълочии матбуоти тоҷик, полковники милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлати тоҷикон: назари таърихӣ-сиёсӣ», Муҳаммад С. - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Ваҳдат ҳамчун рамзи ҳаётан муҳими миллӣ», Самиъзода Б.– дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Зарурати таҳкими Вахдати миллӣ дар шароити муосир», Рабиев С.- курсанти курси  1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори идеологияи сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллӣ», Сафоев Р. – курсанти курси  1–уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,  маърӯза дар мавзӯи «Вахдати милли-шукуфоии Ватан аст», Негматзода С.- курсанти курси  1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ», маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
987Ҳамзамон, боиси тазаккур аст, ки дар кори семинари мазкур олимони намоёни илми кишвар, ки шоҳиди воқеии раванди расидан ба сулҳ мебошанд, баромад намуда, атрофи арзишҳои волои ин неъмати таърихӣ суҳбатҳо анҷом доданд.
Дар суханрониҳо чунин иброз гардид, ки баҳри расидан ба ин неъмати бузурги таърихӣ, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки тарроҳи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа, нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хело бузург мебошад. Инчунин, зикр гардид, ки новобаста аз шароити мураккаби иқтисодиву сиёсӣ, таъмини ночизи моддию техникӣ  ва вазъияти хатарноку пуршиддати рӯҳию ҷисмонӣ кормандони ин мақомот барои ягонагии миллат ва таъмини сулҳу субот дар ҷомеа софдилона вазифаҳои касбии худро иҷро намуда, ҳамеша посдори тартиботу амнияти ҷомеа ва амалисозандаи сиёсати одилонаву мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Вобаста ба амалишавии қарор ва натиҷаҳои кори семинари илмии мазкур бошад, зикр карда шуд, ки маърӯза ва пешниҳодоти ироагардидаро зарур аст, ки тавассути маҷаллаи илмии «Осори Академия», ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», нашрияи «Набзи милитсия», васоити техникӣ-ахборӣ ва умуман раванди таълим дарҷ гардида, ба таври васеъ истифода карда шаванд.

Самиъзода Б.С., подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...