Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудавари байналмилалӣ оид ба проблемаҳои каҷрафтории ноболиғон ва ҷавонон

981

Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Барномаи мақсаднокии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар, 29 июни соли ҷорӣ мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи «Каҷрафтории ноболиғон ва ҷавонон: проблемаҳо ва роҳҳои ҳалл намудан» (Девиантное поведение несовршеннолетних и молодежи: проблемы и пути решения) дар шакли он-лайн (маҷозӣ) баргузор гардид.982
Бо суханҳои ифтитоҳӣ аз тарафи Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар, муовини сардор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, полковники политсия Осипенко Анатолий Леонидович ва аз тарафи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ Мансур баромад намуданд.
983Аз номи Академияи ВКД дар кори мизи мудаввар Мансурзода А.М. бо маъруза дар мавзӯи «Вопросы профилактики правонарушений среди молодежи в Таджикистане», Каримзода У.К. - «Патриотическое воспитание как метод профилактической работы по предупреждению правонарушений в молодёжной среде», Сафарзода Х.С. - «Причины и условия, способствующие распространению религиозного экстремизма в молодежной среде», Асламов Б.С., Муҳаммад С.А. - «Проблемы девиантного поведения подростков и молодёжи в условиях трансформации общества» баромад намуданд.984
Дар кори семинар инчунин мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, криминология ва психология аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзиданд.
Бояд қайд намуд, ки масъалаи мазкур дар Академияи ВКД мавриди омӯзиш қарор ёфта, мавзӯи илмӣ таҳти унвони «Хусусиятҳои пешгирӣ ва воситаҳои мубориза бо зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароӣ дар муҳити ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад, таҳқиқоти илмӣ гузаронида шуда истодааст.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...