Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ ва ризоияти байни тоҷикон – инъикосгари ормонҳои миллӣ

204

Барои миллати тоҷик вожаи ваҳдат ва ҳамгироӣ муқаддас аст. Ваҳдату ҳамгироӣ омили пешравии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Ҳеҷ як кишвари дунё бе ваҳдат ва ҳамгироӣ рушд карда наметавонад. Байни миллатҳо ва кишварҳои дунё низ ҳамеша бояд ваҳдат ва ҳамгироӣ ҳукумрон бошад.
Барои ҳар як давлату миллат ваҳдат ва ризоияти миллӣ инъикосгари ормонҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Миллатҳои гуногун дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон - Афғонистон, Сурия, Яман, Либия, Ироқ ва ғайра дар орзуи амну субот ва ризоияти миллӣ мебошанд.Дар тӯли таърих миллати куханбунёди тоҷик ба сари касе ханҷар накашида,бо сари баланд аз Истиқлолу озодии хеш дифоъ намудааст.Борҳо хатари парокандашавӣ ва нобудсозии миллати тоҷик бо дасти бозингарони дохилу хориҷ ба айнияти миллӣ ва ягонагии он рӯи мубориза ва муқовиматҳо омада,хуни миллати фархангии моро рехтаанд,вале ҳеҷ гоҳ душманони миллати тоҷик ба хадафи нопоки худ нарсидаанд,балки дар назди ҷомеаи башарӣ шармсор гардидаанд.
Вазъи ногувори геополитикии солҳои 90-уми асри 20 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Дасисакорнони дохилию хориҷӣ мехостанд,ки бо манофеи геополитикии давлатҳои бегона ҳуввияти миллӣ, расму русум, мансуб ба нажоди ориёӣ, таърих, забон ва фарҳанги куҳани моро аз байн бурда, пойпанди идеологияи бегона намоянд. Хушбахтона тоҷикон хамеша накӯном ва саодатманд буданд ва барҳақ ба қавли номзади илми ҳуқуқ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Озода Раҳмон «Дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит сохт,ки наҷоти ҳар як миллат дар лаҳзаи ҳассосу фоҷиабор бо зуҳури шахсияти бузург миллӣ вобастагии зич дорад. Зеро махз шахсятҳои бузург кодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалахои печидаву мураккаби иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамо карда дар қалбу дида мардум шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзанд. Ва чунин шахсияти шуҷову қавиирода барои миллати бостониву бофарҳанг,аммо дар ибтидои солҳои 90-уми қарни сипаригашта бо дасисаи душманони дохиливу хориҷӣ азияткашидаи тоҷик, маҳз дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зуҳур намуд. Падид омадани шахсияти барҷаставу нотакрор бахти тоҷикон буд, зеро миллатро сарҷамъ намуд ва ба кишвар Истиқлоли воқеӣ овард» [1,c.10-11].
Ба қавли академик Кароматулло Олимов «Аз рӯзи аввали ба Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон барномаи стратегии худро эълон дошт. Пеш аз ҳама ӯ ваъда дод, ки ба халқ сулҳ меоварад, яъне ҷанги шаҳрвандиро хомуш карда, ҳаёти осиштаи халқро таъмин менамояд. Дигар ин, ки тарафдории худро ба низоми давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуд [2,c.11]».
Ба қавли ноиби Президенти АМИТ, узви вобастаи АИМТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад «Аз ин рӯ бо ифтихор бояд гуфт, ки миллати мо бо сарварии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ кишаварамонро аз вартаи ҷангу ҷанҷол ва театри ҷангии рақибони дохилию берунӣ раҳо созад. Пас мо қудрату созандагӣ ва истиқлолияти сиёсии хешро ҳамеша соҳибӣ намуда, ба чунин дастовардҳои бузурги миллӣ-зиндагӣ, самимият ва бедории мардум аст, ки тавоноии кишварро таъмин менамояд».
Маҳз Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрӣ ҳифз гардад. «Соҳибихтиёрӣ барои кишварҳо иконияти ташаккул, таъйин ва тадбиқи ғояҳои асосии давлатро фароҳам меоварад, ки дар шаклгирии ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои он ифода шуда, барои ҳар як давлат алоҳида ва махсусанд». Агар мо ба ризоияти миллӣ намерасидем, он гоҳ дар бораи шаклгирии давлатлории навини Тоҷикистон сухан гуфтан хеле ҳам душвор мешуд. Ба қавли доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир «Маҳз бо талошу шабзиндадориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,д ар ҳайрат мондаанд, ки ӯ баҳри амният, якпорчагии миллати тоҷик, талошҳои зиёде ба харҷ дода истодаанд, ки дар тамоми қаламрави Тоҷикистони соҳбистиқлоламон ҳисси авлодию қавмӣ ва маҳалгароӣ аз байн бурда шавад»[3,c.99]. Профессор Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир иброз медорад, ки мо тоҷикон маҳз бо «Заҳматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муноқишаҳои қавмию сиёсӣ то Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расидем», ки на ба ҳар миллат муяссар мегардад. Ба андешаи академики АМИТ доктори илмҳои филология, профессор Имомзода М. «Сулҳи тоҷикон ба ҷомеаи башар собит намуд, ки ҳалли низоъҳҳои дохилӣ ва минтақавӣ, сарфи назар аз ҳама мушкилот ҳамеша имконпазир аст[4.c.118]».
Бо боварии том гуфта метавонем, ки маҳз Ваҳдати миллӣ ва ризояти миллӣ, ки 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзо шудани «Созишномаи умумии исиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба вуқӯъ пайваст сол то сол ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ қимати худро афзун менамояд.
Саидзода Муҳаммади Абдулло, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, лейтенанти калони милитсия
Адабиёт:
1. Озода Раҳмон. Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: марҳилаи нави рушди давлатдории тоҷикон. Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулху субот. Душанбе, 2017.
2. Олимов К. Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори музокирот, сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон. Ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа. Душанбе, 2017.
3. Маҷидзода Ҷ.З. Аз муноқишаҳои қавмию сиёсӣ то ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти байни тоҷикон. Ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа. Душанбе, 2017.
4. Имомзода М. Иҷлосияи таърихии 16 заминаи асосии таҳкими давлатдории навини тоҷикон. Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот. Душанбе, 2017.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...