Нақши мақомоти корҳои доҳилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо экстремизму терроризм
Кормандони мақомоти коҳои дохилӣ дар даврони истиқлол аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-ум асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карда ва якҷоя бо ҷузъу томҳои дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти коститутсионӣ, таъмин намудани волояти қонун, сулҳу оромӣ,суботи сиёси ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.
Дар ин давра бо кӯшишҳои пайвастаи ҳамаи аркони давлатдорӣ, аз ҷумла дар натиҷаи фаъолияти содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаёти мардуми кишвар дар фазои орому осоишта ва суботи комили сиёсӣ идома дорад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфузи ҳифзи қонунияту тартибот ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Қобили зикри махсус аст, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои барқарорсози сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яне волоияти қонун аз лаҳзаиҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву- экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дод, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.
Вақте ба таърихи гузаштаи мақомоти корҳои дохилӣ назар мекунем саҳифаҳои пур аз корнамоиву ҷонисориҳои фарзандони бонангу номус ва содиқ миллати куҳанбунёду соҳибфарҳангамонро мебинем. Ҳисси ватандӯстӣ ва садоқату самимият ба уҳдадориҳои хизматӣ дар замири фарзандони бонангу номуси ин мақомот корҳои дохилӣ дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳадафу ниятҳои нопоки душманон ва мақсадҳои ғаразноки онҳоро барбод дод. Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории давлатӣ ҷавони Тоҷикистон вва мубориза бо гурӯҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша беш аз 20000-нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни Қушунҳои дохилӣ ҷони худро аздаст додад, ки мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад». Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд. Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад, иброз намуд пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш.
Яке аз бартариятҳои мақомоти корҳои дохил дар баробари дигар мақомоти ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин амали намудани « стратегияи муқоимат ба экстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бари солҳои 2021- 2025 » нигаронида шуда, дар ин самт ба натиҷаҳои назарас соҳиб гаштаан. Муқовимат бо экстемизм ва терроризм яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор рафта дар мин самт бахусус фаъолияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кофтукови ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳои он хеле фаъолнок астанд.Дар давоми соли 2019 теъдоди ҷинояти хусумати терористи ошкор ва баҳисоб гирифта шуда, онҳо пешгирӣ карда шудан, ва 161 нафар аъзоёни ташкилотҳои терористӣ ошкор карда шуда,онҳо дастгир карда шуданд. Ин далелҳо собит менамоянд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар муқовимат бо экстремизму тероризм нақши бориз мегузоранд.
Омӯзгори кафедраи амнияти
иттилоотӣ ва технологияҳои рақамӣ
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия
Абдулҳамидзода Амирали Диловаршо