Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавқеи занону бонувон дар партави Паёми Пешвои миллат

190

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар, барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Паём яке аз рукнҳои муҳим ва муосири давлатдории миллии мо тоҷикон ва дигар кишварҳо буда, ҳамчун дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ҳисоб меёбад. Чунки тавассути ин санади расмӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат барои як сол муайян карда мешаванд.
Паём, яъне сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Паёми Пешвои муаззами миллат ба мақоми олии қонунгузори кишвар, аҳамияти муҳими сиёсӣ, назариявӣ, илмӣ, таҳлилӣ, ояндабинӣ ва амалиро доро буда, чун қутбнамо барои муайянсозӣ ва тадбиқи амалии ормонҳои миллӣ хизмат менамояд.
Паём ҳамчун барномаи пешбурди фаъолияти касбӣ, рӯзгори сокинони сарбаланди Тоҷикистон ва муайянсозандаи фалсафаи давлатдории миллӣ буда, пеш аз ҳама барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои идоракунӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аҳамияти бағоят муҳим дошта, онҳоро барои иҷрои ҳадафҳои ояндасоз сафарбар менамояд.
Ироаи Паём дар шароити соҳибистиқлолии ватани азизамон Тоҷикистон, муҳимтарин комёбӣ дар ҷодаи давлатдории миллӣ буда, ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар баробари таҳлили фаъолияти сохторҳои давлатии мамлакат дар соли 2022 саҳми назарраси занону бонувон низ дар рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ мавриди натиҷагирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Албатта, мавзӯи Зан - Модар ва мақому манзалати он дар ҷомеа, яке аз муҳимтарин арзише мебошад, ки тамоми олимону донишмандон, шоирону нависандагон ва умуман инсоният атрофии он андешаҳои худро баён намуда, муҳаббату садоқати хешро бо ҳар роҳу равиш изҳор намудаанд.
Дар ин замина метавон тазаккур дод, ки миллати соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик дар тӯли таърих дар боби эҳтиром гузоштан ба мақоми Зан- Модар ва ташкили оилаи солим таҷриба ва ананаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи эҳтиром гузоштан ба мавқеи занону бонувон дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, алалхусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пайваста баҳри дастгирӣ, гиромидошт ва ҷовидонии ин мояи офариниш, талош меварзанд.
Далели гуфтаҳои зикргардида қабули барномаҳо ва стратегияҳои сатҳи давлатӣ ва амалисозии нақша-чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошанд.
Ба мақоми зан дар даврони истиқлолияти давлатӣ то он андозае таваҷҷуҳи давлатӣ зоҳир гардид, ки дар ҳеҷ ягон давраи таърихи давлатдории мо тоҷикон, ба ин дараҷа сиёсати давлатӣ равона нагардида буд. Ин нукта яке аз хусусиятҳои хоси институти давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳатто дар ин масъала-таваҷҷуҳи хоссаи давлатӣ ба мақоми зан ва нақши он дар ҷомеаи Тоҷикистони маҳбуби мо дар соири кишварҳои пасошуравӣ дар радаи аввал қарор гирифтааст.
Вобаста ба масъалаи мазкур дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки «…тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд».
Қайд намудан зарур аст, ки дар тамоми суханронӣ ва паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофии мавзӯи занону бонувон хосатан таваҷҷуҳ менамоянд, ки мисоли онро мо дар нуқтаҳои Паёми имсолаи Пешвои миллат ба таври равшан дида метавонем. Дар Паёми навбатӣ зикр карда шуд, ки «…ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд».
Бахши дигари нутқи Пешвои муаззами миллатро дар Паём масъалаи таъсиси грантҳои президентӣ, густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон ташкил менамояд. Вобаста ба масъалаи мазкур таъкид гардид, ки «…соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст».
Нишондодҳои мазкур намунаи баланди фаъол будани занону бонувон ва саҳми арзандаи онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ гардид.
Масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарону бонувон дар ҳама зинаҳои таҳсилот, яке аз бахшҳои муҳим дар паём ҳисоб меёбад. Вобаста ба ин зикр карда шуд, ки «…дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд».
Ҳамзамон, масъалаи минбаъд низ идома додани сиёсати мазкур дар ҷодаи дастгириҳои занону бонувон дар Паём таъкид гардида, шахсияти онҳо чун қувваи бузург арзёбӣ гардид.
Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имрӯзҳо зери роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади тадбиқи амалии сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирии занону бонувони мақомот, ҳама чораҳоро меандешанд то, ки ин қишри тарбиятгари ҷомеа ҳамеша пойдевори зиндагии насли имрӯзу ояндаи миллат бошад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз занон дар тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷума дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кору фаъолият доранд.
Ҳоло дар Вазорати корҳои дохилӣ теъдоди зиёди корманд-занон бо масъулияти баланд, бо меҳру муҳаббат ва садоқатмандӣ ба касби пуршарафи хеш ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва сулҳу субот дар кишвар, адои вазифа намуда истодаанд.
Новобаста аз он, ки касби милитсия заҳмату талошҳои зиёдеро талаб менамояд, корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ бошанд бо эҳсоси баланди Ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар баробари мардони далеру шуҷои Ватан ба ин сарзамини аҷдодии хеш хизмат намуда истодаанд.
Вобаста ба ин дар Паём қайд гардид, ки «…Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Асри муосир бо равандҳои ҳассос ва мураккабе рӯ ба рӯ мебошад, ки масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.
Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.
Ҳамин тариқ, имрӯзҳо дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ – сиёсию фарҳангии кишвар нақши занону бонувони тоҷик ҳамчун нерӯи боэътимод ва пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои ин қишри ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва махсусан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дастгирӣ ёфта занону ҷавондухтарон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ кор ва фаъолият доранд.
Аз ин рӯ, ҳар як зан, модар ва фарди солимақли ҷомеаро зарур аст, ки аз ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат, алалхусус Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани мақоми Зан-Модар бархӯрдор бошанд ва ҷавобан ба ин гуна дастригиҳо дар рушди ҷомеа, бахусус тарбияи насли солим, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва содиқ ба Савганд, саҳми арзанда гузоранд.
Баротзода О.Х., муовини сардори факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.
Рузихонзода С.Р., сардори қисми таълимии факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...