Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ГРАНД – ПРИ ДУШАНБЕ-2023 БА ТОҶИКИСТОН ЧӢ ДОД?

117

Ҳанӯз охири соли 2022 аз ҷониби Президенти федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер эълон гардида буд, ки аз дуюм то чоруми июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе аввалин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ «ГРАН-ПРИ Душанбе-2023» баргузор мешавад. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 300 варзишгар аз 40 давлати дунё иштирок хоҳанд кард. Баъди эълон гардидани баргузории ин чорабинии бонуфуз дар Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии ҷудо расман мусобиқаи ҷудои «ГРАН-ПРИ Душанбе-2023»-ро ба тақвими соли 2023 ворид кард.118
Фурсат фаро расид ва ба оғози мусобиқаи байналмилалии «ГРАН-ПРИ Душанбе-2023» рӯзҳои ба шумор боқӣ монд. Санаи 1-июни соли 2023 Президенти федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер бо аввалин сафараш ба Тоҷикистон ташриф овард, мақсади сафари ӯ вохурӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин иштирок дар маросими кушодашавии аввалин мусобиқаи сатҳи байналмилалии «ГРАН-ПРИ Душанбе-2023» буд. Ташрифи Мариус Визер ба Тоҷикистон барои ҷудои кишвар аз як ҷиҳат саҳифаи нави таърихӣ кушода бошад ҳам, аз ҷиҳати дигар Тоҷикистон ва ҷудои тоҷикиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Муаррифии Тоҷикистону ҷудои тоҷик аз сафари Мариус Визер дар фарҳангу маданияти тоҷикона пешвоз гирифтани меҳмонон, эҳтирому самимияти тоҷикона ба меҳмон ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиву варзишии сатҳи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мебошад.
119Бо баргузории мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ «ГРАН-ПРИ Душанбе-2023» дар Тоҷикистон, намояндагони 40 давлати дунё низ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки аксарияти онҳо бори аввал аст, ки ба ин макони зебову нотакрор ташриф овардаанд. Ин ҳам як соҳаи муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён буд, ки дар тамоми шабакаҳои телевизиониву иҷтимоӣ-варзишии давлатҳои дунё Тоҷикистонро ҳамчун мизбони мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ номидаанд.120
Бо кумаку дастгириҳои Президенти федератсияи ҷудои Тоҷикистон, муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир маросими кушодашавӣ ва баргузории мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ «ГРАН-ПРИ Душанбе-2023» дар сатҳи олӣ баргузор шуда буд, ки варзишгарони мо бо фароҳам овардани шароит ва ташкили тамринҳои дастаҷамъонаи берун аз кишвар тавонистанд барандаи ҷойҳои ифтихорӣ гарданд. Ин аст, ки варзишгарони мо аз қабили Обид Ҷебов, Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳи Устопириён барандаи медали тилло, Беҳруз Хоҷазода, Шодмон Ризоев ва Темур Раҳимов барандаи медали нуқра ва Меҳрдод Суфиев барандаи медали биринҷии «ГРАН-ПРИ Душанбе-2023» гардидаанд.

Бо гирифтани се медали тилло, се медали нуқра ва як медали биринҷӣ Тоҷикистон дар радабандии мусобиқаи сатҳи байналмилалии «ГРАН-ПРИ Душанбе-2023» дар ҷои аввал қарор гирифт. Мо бо чунин ҷавонони ватандусту меҳанпараст ва варзишгарони номбардору парчамбардори давлату миллат ифтихор мекунем.
Сардори кафедраи такатикаи махсус ва омодагии ҷисмонии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Латиф Муҳиб Лоҷварбек

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...