ВОХӮРИИ МУФИД БО КУРСАНТОНИ АКАДЕМИЯИ ВКД
Дар асоси иҷрои дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар Академияи ВКД вохӯрии муфид бо муовинони ШВКД шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо курсантони факултети 2 Академияи ВКД баргузор гардид.
Вохӯрии мазкурро сардори факултети №1, полковники миллитсия Нозиров Н. Ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки тибқи супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовинони ШВКД шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб шудаанд. Онҳо аз Академияи ВКД таасуроти баланд бардошта имрӯз бо курсантони факултети №2 Академияи мазкур дар вохӯрӣ ширкат варзиданд.
Зимни вохӯрӣ муовинони ШВКД шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фаъолияти шуъбаҳои худ маълумоти муфассалро ба курсантон пешниҳод намуданд. Курсантони Академия бо мароқи калон суҳбатҳои муфиди муовинони ШВКД шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро гӯш карда, аз фаъолияти ҳаррӯзаи милитсия бархурдор гардиданд.
Дар вохӯрии мазкур сардори факултети №2, полковники милитсия Ализода А.Ш. баромад намуда, ба муовинони ШВКД аз номи роҳбарияти Академия барои ташкили чунин вохӯрии муфид арзи сипос намуд.
Дар раванди вохӯрӣ курсантони факултети №2 бо таври фаъол саволу ҷавоб намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Мавриди қайд аст, ки гузаронидани чунин вохӯрии муфид боиси баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии курсантон гардид. Бояд тазаккур дод, ки байни факултетҳои №1 ва 2 Академияи ВКД робитаи зичи корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мавҷуд мебошанд, ки дар он омӯзгорону курсантон фаъолона ширкат варзида, дараҷаи маърифати хешро баланд мебардоранд.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш.