Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хусусиятҳои хоси «Баскетбол» ва аҳамияти он

187Баскетбол – номи бозӣ аз калимаҳои англисии «баскет» - сабад, «бол» тӯб ба вуҷуд омадааст.
Асоси бозӣ дар баскетбол ҳаракатҳои табии гуногун, давидан, ҷаҳиш, партобдиҳӣ ва доштани туб ба ҳисоб мераванд.188
Омезиши ҳилаҳои тактикӣ ва муборризаи пайваста барои тӯб шавқу ҳавас ва рағбати калони бозингарон ва тамошобинонро пайдо месозад. Машғулият бо баскетбол мушаку рагу пайҳо, системаи дилу меъда ва дастгоҳи нафаскаширо мустаҳкам карда, табдили моддаҳоро дар организм беҳтар мегардонад, хислатҳои равонӣ, ҷисмонӣ ва маҳорату малакаҳоеро, ки дар фаъолияти меҳнатӣ заруранд, ба вуҷуд меооварад: пуртоқатӣ, собитқадамӣ, чобукӣ, дақиқӣ, нишонрасӣ ва ғайра.
Тибқи нишондоди манбаъхои таърихӣ бозии баскетболро ҳиндуҳои Мексика ихтироъ кардаанд. Баъдан, халқҳои мухталифи Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ ба чунин бозӣ шуғл меварзиданд.
Усул ва қоидаҳои бозӣ то имрӯз хеле тағйир ёфтааст. Аввалин дастаҳои баскетболӣ на аз 5 нафар, балки аз 9 нафар иборат буд. Баскетболбоз он вақт наметавонист бо тӯб ҳаракат кунад, балки бояд зуд онро ба бозингари дигар медод. Ҳоло баскетболбоз ҳуқуқ дорад тӯбро дошта на зиёда аз ду қадам гузорад, инчунин метавонад бо тӯб дар майдон, ҳатман онро ба фарш зада, ҳаракат кунад. Бозӣ чӣ дар майдони кушод ва чӣ дар толори варзишӣ гузаронида мешавад.
Усулҳои баскетбол аз як қатор ҷузъиёт иборат аст, ки асосан тӯб додан, доштан, тӯбро нигоҳ дошта бурдан, ба ҳалқа партофтан, гардишҳо, гардишҳои фиребӣ ва ғайра мебошанд.
Таваққуф ё ист бо ҷаҳиш. Аз ҳисоби тавақкуф бо ҷаҳиш қувваи ҳаракатро боз доштан ва ҳолатеро қабул кардан зарур аст, ки бозингар тавонад ба самтҳои мухталиф давида тавонад. Ин вазъ ҳолати бо пойҳои қатшуда истодан мебошад. Дар ин ҳолат вазни бадан ба пойи дар қафобуда мегузарад.
189Доштан ва додани тӯб ба ҳамдаста бо қадамгузорӣ ва бо ивазкунии ҷой. Барои иҷро карда тавонистани доштан ва додани тӯб, ҳангоми ҳаракат тарзи қадамгузориро донистан лозим аст. Бо пойи рост (ё чап) қадами калони густурда гузошта, қадами дигарро бо пойи чап (ё рост) кӯтоҳтар карда, сипас ба дави муқаррарӣ гузаштан лозим аст.
Дар вақти гузоштани қадамҳои дароз амали доштани тӯб иҷро мегардад, дар вақти гузоштани қадами кӯтоҳ тӯб ба ҳамдаста дода мешавад, яъне бозингар тӯбро сар медиҳад, то қоида вайрон нашавад.
Бурдани тӯб бо тағйирдиҳии самт. Дар ин ҳаракат ҷузъе ҳаст, ки калиди иҷрои бомуваффақияти он мебошад – гардиши бадан ва дигаргун кардани самти равиш.
Машқҳо барои бурдани тӯб
1. Бо навбат ба ҳар як даст бурдани тӯб дар ҳолати нишаст.
2. Пойҳоро ба ҳам ҷафс монда, зонуҳоро каме қат карда, бурдани тӯб дар атрофи худ бо дастҳои рост ва чап. Машқ дар ҳар ду самт иҷро мегардад.
3. Бурдани тӯб бо дасти рост (чап) ҳангоми дави ивазшаванда, бо тағйирдиҳии суръати дав ва басомади зарбаҳои тӯб ба фарш.
4. Бурдани тӯб бо дасти рост (чап) ҳангоми давидан бо баланд бардоштани ронҳо.
Партофтани тӯб бо як даст аз ҷой. Тӯбро бо дасти рост дошта, пойҳои нимқатро рост карда, бо ҳаракати даст тӯбро ба пеш - боло партофтан.
Машқҳо барои такмилдиҳии партофтанҳои мазкур.
1. Тақлиди партобдиҳӣ. Бозингар пойҳоро нимқат карда, оринҷи дастро поён фуроварда, тӯбро бо кафи ба пеш нигаронидаи дасташ дар баробари китф нигоҳ медорад. Росткунии пойҳоро ҳамзамон бо ҳаракати дасти тӯбдошта ба пеш – боло оғоз карда, бо ҳаракати панҷаи он ба пеш – поён анҷом медиҳад.
2. Машқкунандагон ба ду қатор саф мекашанд. Бо ҳаракати панҷа бозингар тӯбро ба нафаре аз қатори муқобил мепартояд. Он бозингар ба дигарӣ ва ғайра.
Партофтани тӯб ба ҳалқа бо ду даст аз сатҳи сина пас аз бурдан бо баргашт аз тахта.
Бозиҳои серҳаракат барои ҳалли бомуваффақияти вазифаҳои махсуси омодагии варзишӣ ва такмили омодакунии умумии ҷисмонӣ истифода бурда мешаванд.
Барои баскетболбозӣ хуб будан донистани танҳо усули он кифоя нест. Баскетболбозӣ хуб бояд пурқувват, пуртоқат, чаққон ва чобук бошад.
Ба шумо дидани зуд-зуд самт ва суръатро дигар кардан, баланд ҷаҳидан, кӯшиши тӯбро соҳиб шудан ё онро ба ҳалқа партоб додани бакетболбозон муяссар шудааст. Ҳангоми бозӣ онҳо қариб 7 км медаванд, даҳҳо ҷаҳишро анҷом медиҳанд. Тӯби партобдодаи онҳо бо суръати қаримб 18,3 м дар 1 сония мепарад. Барои иҷрои чунин ҳаракат ва амалҳо бояд омодагии хуби ҷисмонӣ дошт, варзишгари ҳақиқӣ бояд буд. Дастҳо бояд пурқувват бошанд!
Аз ин рӯ, пеш аз он, ки тӯбро ба даст гиред, хислатҳои ҷисмонии ба баскетболбоз зарури чаққонӣ, пурқувватӣ ва пуртоқатиро ҳамарӯза такмил диҳед.
Хулоса, бозии «баскетбол» барои обу тоби бадани инсон ва саломатии он дорои аҳамияти калон аст.

Дастурдеҳи кафедраи ТМ ва ОҶ
Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти калони милитсия Саъдуллозода К.С.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...