Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторина аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ

1Бо мақсади амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 июни соли 2023 бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантони «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон виктарина аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ дар миёни курсантони курси якуми факултети №2 ва факултети №6 баргузор гардид.2 Дар чорабинии мазкур сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. подполковники милитсия Мансурзода А.М, сардори ШТИ ва ТН Академияи номбурда, майори милитсия Заробидинзода С.З, муовини Шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Аҳтамшозода С.А., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 н.и.ҳ., подполковники милитсия Каримзода У.К., дотсенти кафедра подполковники милитсия Солеҳзода Ф.Ф. ва инчунин ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ алалхусус майори милитсия Қодирзода Ғ.Н., майори милитсия Қурбонзода Ҷ.Ғ., капитани милитсия Ҷалолзода С.И., лейтенанти калони милитсия Иброҳимзода Д.Қ., ҳамчунин роҳбари маҳфили илмӣ капитани милитсия Фахридинзода Ҳ.С. ва аъзоёни маҳфили илмӣ курсантони курсҳои 1-и факултети №2,6, ки зиеда аз 50-нафарро ташкил медоданд, фаъолона иштирок намуданд. Дар озмуни мазкур 10-гуруҳ курсантони курси 1 факултети №2 ва 6 ширкат варзиданд.
Озмун дар шакли викторина аз 5-давр иборат буд, аз ҷумла:
1. Донистани мафҳумҳои зиёд аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ;
2. Донистани моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳ додани онҳо;
3. Пур кардани сканворд;
4. Ҷавоб гардонидани саволҳо бо тарзи шифоҳӣ (билет);
5. Бо имову ишора ҷавоб гардонидани калимаҳо вобаста ба фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ;
3Иштирокчиён аз уҳдаи тамоми шартҳо баромада, байни худ бо шавқу рағбат рақобат намуданд. Аз натиҷаи озмун маълум гардид, ки ҷойи аввал насиби гурӯҳи 105, ҷойи дуюм насиби гурӯҳи 102 ва ҷои сеюмро гурӯҳи 104 – факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуд.
Дар охир иштирокчиён барои иштироки фаъолонаашон қадрдонӣ гардиданд. Бо ҳамин, озмун дар шакли викторина аз фанни назарияи давлат ва ҳуқуқ ба анҷом расид.
Фахридинзода Ҳ.С., роҳбари маҳфили илмии «Давлатшиносони ҷавон», муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...