Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ватандӯстӣ аз худшиносӣ аст

182

 

Дар дунё ҳеҷ алоқае шадидтар аз меҳр ба Ватан нест гуфтааст, Афлотуни ҳаким. Дар воқеъ инсон бештар ба Модар ва Ватани аҷдодӣ меҳру алоқаи ногуфтанӣ дорад. Меҳри беандоза ба Модар ва Ватан инсонро нерӯ мебахшад ва ба камолоти маънавӣ мерасонад. Ватанро дӯст доштан аз имону воҷдони пок ва худшиносӣ сарчашма мегирад.183
Маҳз худшиносӣ ва ҳисси баланди худогоҳии миллӣ дар қалби инсонҳо меҳр ба марзу бум ва обу хоки аҷдодиро ҷой менамояд. Инсони худшинос миллат, ватан ва фарзандони қаҳрамону шуҷоъ ва далери сарзамини худро бо ҷон дӯст медорад ва нисбат ба онҳо эҳтиром мегузорад, инчунин дар ободиву шукуфоӣ ва сарсабзиву пешрафти ватану ҷомеаш худ саҳм мегузарад. Озодии аҳли ҷомеа ва ободии онро васфу ситоиш менамояд.
184Миллати наҷиби тоҷик дорои қаҳрамонфарзандони ватандӯст ва бо нангу номусӣ миллӣ будааст, ки дар дараҷаи таърихи дерини худ барои ҳифзи бум ва таъриху тамаддун ва фарҳанги хеш ғаюрона талош кардаву гоҳе барои ҷовидон мондани арзишҳои фарҳангии худ аз ҷони азизаш гузаштааст.
Халқи тоҷик на танҳо дорои таърихи дерин, инчунин дорои фарҳангу тамаддуни оламшумулест, ки ганҷи донишу хиради замонаҳоро тавассути фарзандони фарзонаш Хусрави Анушервон, Доро, Ҷамшед, Дориюш, Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Беруни, Сино, Рудакӣ ва садҳо номгӯи дигар гирдовардаву тухми сухани асил, илму хирад ва таъриху фалсафаеро коштаанд ва ҷаҳонро аз ганҷи дониш баҳравар сохтаанд.185
Кашфиёти аввалини асрори табиат ва илмҳои гуногун фарзандони миллати мо будаанд. Истиқлоли миллӣ неъмати гаронарзишест, ки ба мо ворисони ниёгони саодатманд имкон фароҳам овард, ки тахрихи халқи худро омӯзем, гузаштаи ғаниманди худро оқилона созем.
Бо шарофати Истиқлоли миллӣ ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии таърихи ҳамиллатанамон бештар гардида, шавқу ҳаваси онҳо ба омӯхтани таърихи гузаштаи халқамон афзун гардид.
186Халқе, ки аз гузаштаи пурифтихори худ сабақи ибрат мегирад ояндаи шукуфону ободе дорад. Ободкориву созандагӣ, эҳё намудани суннату оинҳои асили миллӣ, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар зери роҳбариҳои хирадмандона ва миллатпарваронааш Пешвои миллат анҷом гирифт, бесобиқа ва фавқулода аст.
Ободкориву созандагӣ ба мароми аслии Сарвари давлат ва ҳукумат табдил шудааст. Сохтани ГЭС-ҳои бузург, роҳҳои зиёди ҳамлу нақл, бунёди шаҳрҳои зебову замонавии бар асоси шаҳрсозиҳои миллӣ сурат гирифта дастовардҳои беназири даврони Истиқлоли кишвари маҳбубамон мебошад.
Мо соҳибони ин миллату ин сарзаминро месазад, ки аз ин бештар чунон, ки Сарвари давлат ҳамасола дар суханрониҳо ва Паёмашон таъкид менамоянд, софдилонаву сарҷамъона заҳмат кашем, меҳнат кунему ватани азизи хешро боз ҳам обод намоем ва ба наберагону фарзандони худ як ватани ободу пешрафта ба мерос гузорем, ки онҳо осудаву зиндагӣ намоянд.
Зинда бод ин ормони ҷовидонӣ
Ватансозиву ободгарии миллӣ!

Назришозода Д.Л., муаллими кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...