Иштироки курсантони Академияи ВКД дар Дави миллӣ
Чорабинии сатҳи ҷумҳуриявии «Дави миллӣ» дар ҷумҳурии мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки он решаҳои амиқи таърихӣ, тарғиби иҷтимоӣ ва ҳаёти солимиро дорад. Давидан яке аз намудҳои асосии варзиши сабук ба ҳисоб рафта, касоне, ки ба он машғул мешаванд, чусту чолок, ҷасуру моҳир ва тавоно мегарданд. Аз ҷиҳати тиббӣ ин намуди варзиш барои саломатӣ, дуруст инкишоф ёфтани шахс аҳамияти бузург дорад. Барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, рушду инкишофи варзиш ва оммавигардонии он бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ хамасола якшанбеи сеюми мохи май дар ҷумҳури гузаронида мешавад,ки ин 16-умин Дави миллӣ махсуб меёбад.Максад аз баргузории мусобика тахкими тарзи хаёти солим,рушду инкишофи сохаи варзиш ва омавияти он байни ахоли мебошад. Санаи 21-уми майи соли равон бахшида ба Рузи чавонони Точикистон дар шахри Душанбе Дави миллӣ ва марафони волосипедрони баргузор гардид, ки дар он курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд. Дар он дар баробари кормандон-варзишгарони дигар корхонаву идорахо,ташкилоту муасисахо,сохторхои кудратии кишвар ширкат намуданд. Иштирокчиёни Дави милли ва марафони велосипедрони рахпаймоии худро аз махаллаи Чорбог огоз намуда,то Мачмааи давлатии «Наврузгох»-и пойтахт идома доданд.
Саъдуллозода К.С. Убайдуллоев Ш.Э.