Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАРБИЯИ ҲАРБӢ-ВАТАНДӮСТӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД

49

Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас яке аз вазифаҳои муҳими мактаб ва кормандони МКД ба ҳисоб меравад. Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун муассисаи олии таълимӣ, ҳамеша дар ин самт фаъол буда, барои амалӣ намудани чунин дастуру супоришҳо пайваста кӯшиш намуда, чорабиниҳои гуногуни илмию амалӣ, фарҳангию фароғатӣ ва варзишию касбиро баргузор намуда, барои боздид намудани наврасону ҷавонон аз ин даргоҳ ҳамеша омода мебошад.50
Санаи 1 июни соли равон дар доираи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, рӯзҳои «Дарҳои кушод» ва умуман боздиди онҳо аз ҷараёни таълим, шароити мавҷуда ва дар маҷмуъ раванди омода намудани мутахассисон дар Академияи ВКД шиносои пайдо намуданд.Хонандагони муассисаҳои номбурдаро омӯзгорони Академияи ВКД бо руҳияи болида пешвоз гирифта, бо роҳбаладии хеш онҳоро бо Китобхонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Осорхонаи Академияи ВКД ва дигар синфхонахои таълимӣ аз наздик ошнои пайдо намуданд.
52Аз ҷониби омӯзгорони кафедраи омодагии ҷисмонӣ ва тактикаи махсус дарси амалӣ ва назариявӣ оиди аслиҳаи оташфишон, қоидаҳои бехатарии он, ба қисмҳо ҷудо намудани силоҳ ва тартиби тирпаронии лазерӣ гузаронида шуд. Дар дарси мазкур хонандагон фаъолона ширкат варзида, роҳбарияти муссисаҳои таълимӣ ба роҳбарияти Академияи ВКД, махсусан ба Сардори Академия барои ташкили чунин чорабинии муфиди тарбиявӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Гузаронидани чунин чорабиниҳо барои тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллии хонандагон мусоидат менамояд.

Ш.Э.Убайдуллоев, Б.С. Асламов

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...