Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПЕШРАФТИ ҶУДОИ ТОҶИК ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

46«Варзиш муҳимтарин шуғли инсон, қабл аз ҳама, ҷавонон буда, воситаи муассири беҳдошти саломативу таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад» Эмомалӣ Раҳмон.47
Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
48Марҳалаи навини рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварамон дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавии варзишӣ, солимгардонӣ ва таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оғоз гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш ва ҳалли мушкилоти мавҷуда барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд.
Қабули барномаҳои маҷмӯии “Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш” ва “Рушди футбол барои солҳои 2017-2021” ҳамчун маҷмӯи амалҳои Ҳукумати кишвар ба пешрафти минбаъдаи соҳаи варзиш мусоидат менамояд. Ҳамчунин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», ки таҳти №1831 аз 23.12.2021 амал менамояд аз ҷумлаи гуфтаҳои боло мебошад. Дар муддати ду даҳсолаи охир бо дарназардошти муҳим будани рушди инфрасохтори соҳа, бунёду азнавсозии ҳазорҳо иншооти варзишӣ амалӣ гардид. Бо кумаку дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муазами миллат дар ду даҳсолаи охир бунёду азнавсозии иншоотҳои соҳаи варзиш бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, даҳҳо ҳазор майдончаву толорҳои варзишӣ мавриди истифодаи омма қарор дода шудаанд. Вобаста барушди инфрасохтори соҳаи варзиш пешравиҳои зиёде низ ба чашм мерасанд, ки барои таъмини иштироку нерусанҷии варзишгарони тоҷикро дар чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ маъсулияти маъсулони соҳаро дучанд месозад. Ин аст, ки роҳбарони як қатор федератсияҳои варзиширо аз ҷумлаи нафарони ватандӯсту варзишпарвар интихобу таъйин намудаан. Дар мисол ба ин гуфтаҳо қайд кардан зарур аст, ки баъди интихоб шудани Исмоил Маҳмадзоир ба вазифаи Президенти федератсияи Ҷудои Тоҷикистон, рушди ин соҳа ба маротиб пеш рафт. Гарчанде мо ҷоизадори бозиҳои Олимпӣ, Расул Боқиев ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди Парвиз Собиров, Саидҷалол Саидов, Рустам Боқиев, Сомон Мамадбеков, Темур Раҳимов, Комроншо Устопириён, Хоҷазода Беҳруз, Хусрав Хушқадамов, Шакармамад Мирмамадов ва дигарон дорем, имрӯз бо дастгирии Президенти федератсияи ҷудои кишвар Исмоил Маҳмадзоҳир ин соҳа бо суръат рушд ёфта истода, сафи ин родмардони муаррифгари кишвар зиёд шуда истодааст. Чунончӣ 26 январи соли 2023 Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва Сафири Фавқулодаи Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Тошиҳиро Айки мулоқоти корӣ анҷом доданд, ки дар вохӯрӣ рушди ҷудо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ҳамчунин Федератсияи ҷудои Тоҷикистон лоиҳаи бунёди 5 академияи ҷудоро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ таҳия намудааст, ки марказҳои мазкур ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дорои шароити замонавии варзишӣ сохта ба истифада дода хоҳанд шуд.
Инчунин баъди интихоби Президенти федератсияи ҷудои кишвард дар наздиктарин рӯзҳои тайин гардидан дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе, Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо баргузор гардида, бори аввал дар таърихи ҷудои кишвар ин мусобиқа дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯй ба стандартҳои федератсияи ҷаҳонии ҷудо ташкил ва баргузор гардид. Саҳифаи дигари таърихӣ дар варзиши кишвар ин интихоб гардидани шаҳри Душанбе макони баргузории чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ «ГРАН-ПРИ» (Grand Prix) буд. Ҳанӯз охири соли 2022 аз ҷониби федератсияи байналмилалии ҷудо эълон гардида буд, ки 2 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе аввалин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ «ГРАН-ПРИ» баргузор мешавад. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 300 варзишгад аз 40 давлатҳои дунё иштирок менамоянд. Баъди эълон гардидани баргузории ин чорабинии бонуфуз дар Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии дзюдо расман мусобиқаи ҷудои Гран-при Душанберо ба тақвими соли 2023 ворид кард.
Ин хабар ба варзишкорони тоҷик нерӯи наве бахшид ва бесаброна интизори санаи баргуории ин чорабинии сатҳи ҷаҳони дар хонаи хеш шудаанд.
Вақти он расид, ки мо имрӯз ба тамошои маросими кушодашавӣ ва қувваозмоиҳои ҷудокорони тоҷик дар аввалин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ «ГРАН-ПРИ» дар шаҳри Душанбе омодагӣ мебинем, ки дар он варзишгарон аз 40 давлатҳои дунё бо шумораи зиёда аз 300 варзишгар ширкат менамоянд.
Сардори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Латиф Муҳиб

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...