Масоили мубрами идоракунӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Санаи 20-уми майи соли 2023 дар заминаи иҷроиши талаботи нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Масоили мубрами идоракунӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» гузаронида шуд.
Дар мизи мудаввар ҳайати проффессорону омузгорон ва шунавандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва кормандони сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат иштирок намуданд. Мутобиқи барномаи мизи мудаввар вобаста ба ҷаласаи пленарӣ, сухани ифтитоҳиро сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия, муҳтарам Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳусни оғоз бахшида, тамоми меҳмонон, устодон ва иштирокчиёни мизи мудавварро хайрамақдам гуфтанд. Сардори Академия д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия, муҳтарам Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар давоми суханрониашон қайд намуданд, ки Адемияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро баҳри пешбурди сифати таълиму тарбия ва илм роҳандозӣ намуда барои тақвияти дониши назариявӣ ва илмии шунавандагон ва курсантон чорабиниҳои гуногунро мавриди амал қарор медиҳад.Дар ин васила Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия барои соли 2023, ки дар заминаи Қарори Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2022, бо тасдиқи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2023 мавриди амал қарор дода шудааст, мазмуни он вобаста ба иҷроиши нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардида, мавриди иҷроиш қарор дода шудааст. Хушбахтона танҳо дар соли хониш ҷорӣ то ба имрӯз зиёда аз 70 чорабиниҳои илмӣ тадқиқоти аз замири конференсияҳо, семинар ва дигар нишастҳои илмӣ-татқиқотӣ дар академия дар сатҳи байналмилалӣ ва дохилӣ гузаронида шудаистодаанд.
Мизи мудаввари мазкур бо унвони «Масоили мубрами идоракунӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» низ дар заминаи ба амал баровардани ин ҳадафҳо гузаронида шуда, муҳимияти илмиро дар худ таҷассум менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими идоракунии хоҷагидори давлатӣ ва маҳалӣ саҳми арзандаи пурарзиши таърихиро ба амал бароварда давлату миллатро ба самти рушду нумуъ раҳсипор намудааст. Дар баробари афзалиятҳои нобаршуда саҳми Пешвои муаззами миллат дар такими низоми идоракунии давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ беназир мебошад. Зеро, таъмини рушди хоҷагидории давлатӣ ва маҳаллӣ аз фаъолияти натиҷабахш ва самараноки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ низ вобастагии калон доранд. Президенти маҳбуби кишвар дар таҳияи қонунҳо ва стратегияҳое, ки барои мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими риояи қонун нигаронида шудаанд, саҳми бевосита гузоштаанд.
Инчунин сардори академя дар давоми баромади худ қайд намуданд, ки барои таҳкими идоракунии хоҷагии халқ бахусус идора намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пеш аз ҳама саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими низоми хоҷагидории давлатӣ ва маҳалӣ дар заминаи барқарорсозӣ ва ба самти рушд раҳсипор намудани он беназир мебошад. Пешвои муаззами миллат тӯли солҳои охир дар заминаи таҳкими идоракунии сиёсати давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат, беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии он тадбирҳои муассир меандешад. Дар охири суханронӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия, муҳтарам Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ таъкид намуданд, ки мо ҳама мардуми шарафманди Ҷуҳурии Тоҷикистон бахуссус кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳиммати балланди ватандорию ватанпарастӣ ба халқу миллат бояд содиқона хизмат намоем. Дар давоми мизи мудаввар баромадҳои муовини сардори Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., подполковники милитсия, Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон, сардори факултети №1. Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ, сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1. Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., майори милитсия Рустамзода Алишер Қосим ва маърӯзаи муаллими калони кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1., н.и.и., дотсент, майори милитсия Нидоев Парвиз Фозилович дар мавзӯи “Саҳми Пешвои муаззами миллат дар таҳкими идоракунии давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.Дар охири мизи мудаввар саволҳо аз тарафи ҳайати проффессорон ва устодону шунавандагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони сохторҳои қудратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба маърӯзачиён дода шуда ҷавобҳои амиқ дар заминаи муҳокимаи мавзуъ аз тарафи баромадкунандагон дода шуд.
Саидзода Зикрулло Алӣ,
н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия