Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!!!

39Санаи 31-уми майи соли ҷори дар толори Муассисаи давлатии амфитеатри Аҳорун дар доираи ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!" доир гардид.40
Пеш аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои илмиву эҷодии наврасону ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва олии касбӣ дидан намуданд.
Дар маросими расмии чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло баромад намуда, дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу иқдомҳои дурбинонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ фаъолияти имрӯзаи насли наврасу ҷавонро дар самти созандагиву бунёдкорӣ хуб арзёбӣ намуданд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки тибқи маълумотҳои оморӣ аз шумораи умумии аҳолии пойтахт наздик ба 35,6 фоизи онро ҷавонони 14-30-сола ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Душанбе айни замон 25 муассисаҳои таҳсилоти олӣ , 13 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 192 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки ниёзи ҳазорҳо нафар наврасону ҷавононро қаноатманд месозанд.
41Ҷавонон ба ҳайси нерӯи созанда ва пуриқтидори ҷомеа, дар меҳвари асосии Ҳукумати кишвар қарор дошта, метавонад барои пиёда намудани нақшаҳои муҳими Ҳукумати кишвар, аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазои худро гузоранд.
Ин аст, ки рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ, сохтмони иншоотҳои бузурги аср, бе неруи ҷавонон тасаввур кардан ғайримкон аст.
Ғайр аз ин, насли ҷавон, нерӯи эҷодкор, қувваи тавоно ва зиракии онҳо дар таъмини инкишофи устувори ҷомеа аҳамияти бузургу ҳалкунанда дошта, тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад.
Дар чорабинии мазкур 150 нафар курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо муовини сардори Академия полковники милитсия Собирзода А.Ҷ., сардори факултети ✓6 н.и.ҳ. подполковники милитсия Амруддинзода М.А., раиси "Шӯрои ҷавонон"-и Академияи ВКД лейтенанти калони милитсия Раҷабалиён А.Р иштироки фаъолона намуданд.
Дар идома ба як қатор сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ, ки ба хотири татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва чорабиниҳо дар доираи моҳвораи ҷавонон саҳми арзанда гузоштанд, Сипоснома ва Ифтихорномаҳо супорида шуд.

А.Р.Раҷабалиён, Убайдулоев Ш.Э., Ҳайдарзода О.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...