Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотикунонӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ»
Мутобиқи Нақшаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 санаи 01.06.2023 сол конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотикунонӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандону омӯзгорон ва курсантон баргузор карда шуд. Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ҳусни оғоз бахшид.
Баъдан, конференсия таҳти роҳбарии муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. кори худро идома дода, дар он майори милитсия Меҳрулло Нуруллозода, сардори факултети № 5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзуи «Ҷангҳои иттилоотӣ ва таблиғи идеологияи миллӣ дар васоити ахбори омма»; полковники милитсия Арипов Анвар Лутфиллоевич, сардори кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияи рақамии факултети № 5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзуи «Иттилооти компютерӣ ва аҳамияти далелнокии он дар кушодан ва тафтиши ҷиноятҳо»; подполковники милитсия Аҳёзода Шоҳрух Табарукшо, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзуи «Экстремизми иттилоотӣ ва роҳу усули муосири муқовимат ба он»; подполковники милитсия Маҳмадализода Файзиддин Маҳмадқул, муаллими кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзуи «Таҳдиду хатар ба амнияти иттилоотӣ ва шомилшавии ҷавонон тавассути шабакаҳои интернетӣ дар замони муосир»; подполковники милитсия Рустамзода Зарина Рустам, дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзуи «Хусусиятҳои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ» баромад намуданд.
Қисмати музокиравии конференсия бо додани саволҳои зиёд оид ба масъалаҳои инъикосгардида ва посухҳои маърӯзачиён ба ин саволҳои додашуда гузаронида шуд, ки дар натиҷа конференсия самарабахш ҳисобида шуда, бо суханони ҷамъбастии муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. пӯшида эълон гардид.
Сардори кафедраи ФМТ факултети № 3
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия Азимӣ У.А.