Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии муфид бо волидайни курсантон

10

Дар доираи татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", "Дар бораи милитсия", Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, инчунин ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ вохурии муфид бо волидайни курсантони факултетҳои №2, №5, №6 оид ба масоили таълиму тарбия, ва робитаи наздик баргузор гардид.11 Масоили марказии вохӯрӣ ин риояи қатъии интизоми хизматӣ, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим, бо автомашинаи шахсӣ наомадан ба таҳсил, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи курсантон, ҷалби онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Илм-фурӯғи маърифат», сари вақт супоридани санҷишу имтиҳонҳои нимсолаи таҳсил буд. 12Волидайн аз иштирок дар вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баён намуданд, ки минбаъд ҳам дар таълиму тарбияи курсантон дар баробари роҳбарияти Академия саҳми назарраси худро хоҳанд гузошт. Дар охири чорабинӣ ба волидоне, ки фарзандонашон бо баҳои хубу аъло дар Академия таҳсил намуда, дар чорабиниҳои сатҳи гуногун фаъолона ширкат меварзанд, аз ҷониби роҳбарияти Академия "Сипоснома" тақдим карда шуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...