Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми Назарзода Носир дар таҳқиқу пажӯҳиш ва таълиму тарбияи мутахассисони болаёқати МКД

Дар ҳар замон ва дар ҳар гушаи замин инсонҳое арзи ҳастӣ мекунанд, ки дар баробари ҳомии бонангу номуси адолат, дар шоҳроҳи таърихи инсоният нақши муҳим мебозанд ва чунин фарзандони бузург ва бонангу орашро халқ ҳаргиз фаромӯш намекунад. Дар сафҳаи таърих номи онҳо бо хатти заррин дарҷ мегардад. Доктори илми ҳуқуқ, профессор, полковники милитсия Назарзода Носир Ҷобир аз қабили чунин инсонҳои шариф аст, ки умри бобаракати хешро сарфи таълим ва тарбияи ҳомиёни низом намудааст, зеро барои ӯ, ҳимояи шаъну шарафи инсонӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ асоси ҳаёти босубот маҳсуб меёбад. Саҳми полковники милитсия Носир Назарзода ҳамчун як фарди ватандӯсту фидоии ватан дар таълиму тарбияи мутахассисони варзидаи мақомоти корҳои дохилӣ, дар расидан ба сулҳ ва таъмини якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол назаррас мебошад. Хизмати содиқона ва заҳматҳои бисёрсолаи полковники милитсия Носир Назарзода дар таълим ва тарбияи насли ҷавон, мутахассисони болаёқати милитсияи тоҷик, бо ордену медалҳо ва мукофотҳои гуногун қадрдонӣ шуда истодааст. Полковники милитсия Назарзода Носир бо таҳқиқу пажӯҳиш дар кори таълиму тарбияи мутахассисони болаёқати мақомоти корҳои дохилӣ саҳмгузор аст. Манзур аз рӯи сафҳа овардани баъзе лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи доктори илми ҳуқуқ, профессори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Назарзода Носир Ҷобир ин аст, ки имрӯз номбурда зодрӯзи мубораки хешро ҷашн мегирад.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Назарзода Носир Ҷобирро, ки фазилатҳои неки инсонӣ, ташаббускорӣ, кордонӣ, ростқавлию садоқат ба дӯстию рафоқат, эҳтиром ба инсон, ҳамкорон, тарбиятгирон, хоксорӣ ва меҳнатдӯстии хосса ба ин рӯзҳои нек расонидааст, аз даргоҳи Худованд хонаободӣ, саодати рӯзгор ва саломатии бардавомро таманно дорад. Бигузор тамоми бурдбориҳо ва музаффариятҳо ҳамеша ҳамсафари Шумо бошанд ва ҳамвора бо чунин некномӣ азизи дилу дидагон бошед.
Ба қавли Хоҷаи Шероз:
Танат ба нози табибон ниёзманд мабод,
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!
Дар он бисот, ки ҳусни ту ҷилва оғозад,
Маҷоли таънаи бадбину бадписанд мабод!
Азиза Давлатшозода

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...