Дар Академияи ВКД баргузор намудани семинари илмӣ-амалии «Тоҷикистон – ватани Наврӯз аст»
15-уми марти соли 2018 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академия семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-ватани Наврӯз аст» баргузор гардид.
Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал – майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, бо ин иди фархунда ҳозиринро табрик намуд.
Ба семинари илмӣ-амалӣ меҳмонон аз Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд. Зимни суханронии худ шоираҳо Рудобаи Мукаррам, Раънои Мубориз, шоир Рустами Ваҳҳоб ва Мирзо Саъдӣ аз бузургдошти ин ҷашн ёдоварӣ намуда, пораҳои шеърӣ дар васфи баҳору Наврӯз қироат намуданд.
Омӯзгорони Академия Давлатшоева Азиза - сардори кафедраи забонҳо, полковники милитсия, дар мавзӯи «Тобиши Наврӯз дар адабиёти форсу тоҷик», Асламов Б.С. дар мавзӯи «Тадбирҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҷаҳонишавии Наврӯз», Шарифзода Шаҳриёр-курсанти курси 1-уми Академия дар мавзӯи «Мақом ва манзалати Наврӯз дар тамаддуни форсу тоҷик» маърӯзаҳо қироат намуданд.
Ҳамзамон, аъзоёни ҷамъияти илмии курсантон: «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» дар васфи баҳору Наврӯз, шеърҳову рубоиҳо қироат карданд.
Ҷонишини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. қисмати хотимавии ҷашнро бо фармудаҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - «Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзӯю ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст» ҷамъбаст намуда, курсантону шунавандогони Академияро ба хониши хубу аъло ва эҳтиром ба арзишҳои миллии кишварамон даъват намуданд.
Бойзода Ҷ., Убайдуллоев Ш.