Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Академияи ВКД

169Ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани завқи забондонии ҷавонон, ки аз дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад, мутобиқи банди 10, зербанди 10.4 Протоколи ҷаласаи селектории назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз 30-юми декабри соли 2022, сеюми январи соли 2023 дар байни курсантони муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Донандагони якчанд забон”, эълон гардид. Тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни “Донандагони якчанд забон” (фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ) дар байни курсантони муассисаҳои таълимии ВКД даври якуми озмун моҳи марти соли 2023 баргузор гардид. Ғолибони даври аввал аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳо қадрдонӣ гардиданд. Руйхати ғолибони даври якум аз Коллеҷи оташнишонии техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кулоб ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.170
Моҳи майи соли равон даври ниҳоии озмун дар байни муассисаҳои таълимии ВКД дар Академияи ВКД баргузор гардид. Озмун аз фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ дар доираи 5-номинатсия ба роҳ монда шуд:
- Худмуаррификунӣ.
- Кори хаттӣ (диктант).
- Мавзуи озод ( шифоҳӣ).
- Санҷиш тариқи тестӣ.
- Тарҷумаи матн.
171Яъне, дар ин озмун курсантоне, ки қобилияти хуби забондонӣ (манзур забонҳои русӣ, англисӣ) доштанд, ширкат варзиданд ва донишу малакаи забондонии худро ба тариқи хаттӣ, тестӣ (пурсишномавӣ), шифоҳӣ озмуданд. Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланду шаффоф баргузор намудани озмуни мазкур, ҳайати комиссия дар баробари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамзамон аз ҳисоби устодони ботаҷрибаву олимон-филологҳо аз Донишгоши миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода таъсис ёфта, забондонии довталабон ва ҳунару истеъдоду ҳозирҷавобии онҳо сазовори баҳои арзанда гардид.
Тибқи талаботи Низомномаи «Донандагони якчанд забон», забондонии довталабон дар панҷ бахш санҷида шуда, аз байни курсантони Академияи ВКД, курсантони Коллеҷи ВКД дар шаҳри Кулоб, Коллеҷи оташнишонии техникии ВКД дар ноҳияи Данғара дар алоҳидагӣ аз рӯи бахшҳо ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ҷойҳои ифтихорӣ муайян карда шуда, дар маҷмӯъ 12-нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд:
Ҷойи якум аз фанни забони русӣ:
Зулфонов Амиртемур-гурӯҳи таълимии 208 Академияи ВКД, факултети №2
Ҷойи дуюм аз фанни забони русӣ:
Ярбобоев Улуғбек – курсанти курси сеюми Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кулоб.
Ҷойи сеюм аз фанни забони русӣ:
Мадаминова Марҳабо - курсанти курси сеюми Академияи ВКД, факултети №2.
Ҷойи ифтихорӣ аз фанни забони русӣ:
Исмоилов Фаридун - курсанти курси якуми Коллеҷи оташнишонии техникии ВКД дар ноҳияи Данғара.
Ҷойи якум аз фанни забони англисӣ:
Зарипзода Баҳром – курсанти курси дуюми Академияи ВКД, факултети №2.
Ҷойи дуюм аз фанни забони англисӣ:
Раҳимзода Муҳаммад –рекрути курси якуми Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кулоб.
Ҷойи сеюм аз фанни забони англисӣ:
Исмоилов Шоҳрӯз - курсанти курси дуюми Коллеҷи оташнишонии техникии ВКД дар ноҳияи Данғара.
Ҷойи ифтихорӣ аз фанни забони англисӣ:
Шарифзода Ситора – рекрути курси якуми Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кулоб.
Худоназарова Паримо – курсанти курси якуми Академияи ВКД, факултети №2.
Ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорнома”-ҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
Давлатшозода А.
полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...