Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курси “Малакаи роҳбарӣ” дар Академияи ВКД

360

Зан дар таърихи инсоният аз оғози пайдоиши худ заминаҳои аввалинеро дар таҳкими ахлоқ ва маърифат гузошта, тавассути афкор ва фаъолияти намунавии худ мақоми вижаеро дар ҷомеа сазовор шуд. Зан дар сохтмони ҷомеа дар баробари мардон саҳмгузор буда, ҳатто дар бисёр мавридҳо мақом ва масъулияти вай дар ташаккули ҷамъият аз мард баландтар аст.361 Аз ин рӯ мавзуи зан дар ҳама давру замон вобаста ба назар ва рӯъёи ҷомеа мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор гирифта, диққати аҳли илмро ба худ ҷалб мекунад. Зеро агар пешрафтҳои илмӣ ҳамроҳ бо тарбияи ахлоқӣ ва маънавии инсонҳо набошад, чи сарнавишти талхе онҳоро интизор хоҳад буд. 362Чун зан бунёдгузор ва сарманшаи ахлоқу маърифат дар хонавода ва ҷомеа ҳисобида мешавад, аз ин рӯ зарур аст, ки таваҷҷуҳи хешро пеш аз ҳама ба масъалаи илму маърифат равона созад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид бар он доранд: ”Танҳо зан ва модари бомаърифат муаянкунанда ва созандаи маърифати миллат аст”.363 Пас барои муваффақ шудан ба ҷомеаи бомаърифат ва рушдёфта, имрӯз дар кишвари ободу озоди мо-Тоҷикистони соҳибистиқлол шароити мусоид барои комил шудани инсон, бахусус, зан фароҳам оварда шудааст. Миллати соҳибтамаддуни тоҷик имрӯз ба мақому манзалати зан, бахусус, зани донишманд, бофарҳанг ва хирадманду оқил таваҷҷуҳи хосса дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш иброз намуданд: “Сатҳи маърифатнокии ҷомеа аз нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад”. 364Вобаста ба иҷро намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2022, дар Академияи ВКД таъсис додани курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисос аз рӯйи барномаи “Малакаи роҳбарӣ” барои кормандзанони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, гувоҳи гуфтаҳои болост. Гурӯҳи навбатӣ аз ҳисоби занон-раисони шӯроҳои занон дар ҷузъу томҳои ВКД (ҷамъ - 24 нафар), аз таърихи 10 - уми май то 24-уми майи соли 2023, дар Академияи ВКД ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Қобили зикр аст, ки олимони варзидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳоро ба ин гурӯҳи кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ дар мавзуъҳои гуногун ба роҳ монданд: Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар мавзуи: “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ”, Шарофзода Гавҳар - доктори илми филология, профессор дар мавзуи :”Сарварии сиёсии занон дар равандҳои сиёсии Тоҷикистон”, Раҳмадҷонзода Р., - доктори илми ҳуқуқ, муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, полковники милитсия дар мавзуи: “Кормандзанон ҳамчун роҳбар ва нақши онҳо дар ташкили фазои корӣ”, муовини сардори Академияи ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ полковники милитсия Шарифзода Мирзо дар мавзуи :”Асосҳои кор оид ба мустаҳкам намудани интизоми хизматӣ ва қонуният дар мақомоти корҳои дохилӣ”, доктори илми ҳукук, полковники милитсия Азимзода Н., дар мавзуи: “Ҷиноятҳо ба муқобили оила ва ноболиғон”, номзади илми ҳуқуқ Хайруллоев Ф., дар мавзуи:”Зуроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирии он”, Бухориева Сафаргул – номзади илми ҳуқуқ, сардори шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тооҷикистон дар мавзуи:”Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои педагогӣ Латифзода С., дар мавзуи “Идоракунии фаъолияти шахсият, гурӯҳ, коллектив, хусусиятҳои хоси муносибат байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”, номзади илми ҳуқуқ Азимӣ Умеда дар мавзуи: ”Услубҳои роҳбарӣ дар ҳайати кадрӣ”, номзади илми педагогика, дотсент полковники милитсия Давлатшозода Азиза дар мавзуи :”Санъати суханварӣ ва муоширату одоби нутқи роҳбар”., номзади илми сиёсатшиносӣ, дотсент полковники милитсия Муҳаммад Саъдӣ дар мавзуи:”Низоъҳои иҷтимоӣ, пайдоиш ва рафти онҳо дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ”, номзади илми ҳуқуқ, дотсент полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт дар мавзуи “Асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқии идоракунии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар муқовимат ба экстремизм”, номзади илми ҳуқуқ, полковники милитсия Сайидзода З.А., дар мавзуи :”Нақши роҳбар (сарвар, сардор) дар Ислом ва мазҳаби Ҳанафӣ дар бораи итоат ба Сарвари давлат ва аҳамияти он барои амният дар ҷомеа. Дар фарҷоми курс гурӯҳи кормандзанон аз фанҳои алоҳида имтиҳон ва санҷиш ба тариқи тесӣ ва кори хаттӣ аз фанҳои забони давлатӣ (тоҷикӣ), забони русӣ, забони англисӣ супориданд. Дар таърихи 25-уми майи соли равон аз ҷониби сардори Академияи ВКД, доктори илми ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ кормандзанон бо “Шаҳодатнома”-ҳо сарфароз гардида, бо руҳияи баланд ва ғизои маънавӣ ба фаъолият шуруъ намуданд.

Давлатшозода Азиза полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...