БОЗДИДИ ХОНАНДАГОН АЗ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
\
Таблиғу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлолияти кишвар, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихор аз гузаштаи шарафмандонаи аҷдодӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатӣ дар миёни наврасону ҷавонон, яке аз муҳимтарин вазифаҳои аҳли ҷомеа, сохторҳои давлативу ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳисоб меёбад. Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун муассисаи олии таълимӣ, ҳамеша дар ин самт фаъол буда, барои амалӣ намудани чунин дастуру супоришҳо пайваста кӯшиш намуда, чорабиниҳои гуногуни илмию амалӣ, фарҳангию фароғатӣ ва варзишию касбиро баргузор намуда, барои боздид намудани наврасону ҷавонон аз ин даргоҳ ҳамеша омода мебошад. Бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад, масъалаи тақвияти ҳисси миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба касбу Савганд мебошад. Бинобар ин роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №36, 55 ва 23 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, рӯзҳои «Дарҳои кушод» ва умуман боздиди онҳо аз ҷараёни таълим, шароити мавҷуда ва дар маҷмуъ раванди омода намудани мутахассисон дар Академияи ВКД -ро ба роҳ монанд. Боздиди муҳассилини муассисаҳои мазкур, санаи 30 майи соли 2023 ҷараён гирифта, бо ин мақсад саҳни Академияро бо шиору овезаҳо, ки бевосита ба хотири ташрифи меҳмонон гузошта шуда буданд, ҳусни хос мебахшид. Ҳамзамон намоиши осори илмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бевосита ба тарбияи насли имрузу фардои ин миллат ва умуман инсоният таълиф гардидаанд, инчунин осори илмие, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва омӯзгорони Академия ба чоп расидаанд ва ҳамзамон намунаи нақлиёти таълимӣ ва дигар воситаҳои айёнии таълим ба марази тамошои меҳмонон пешниҳод гардиданд. Ҳамзамон қайд намудан лозим аст, ки бо мақсади нишон додани воқеияти ҷараёни таълим, омӯзгорони кафедраҳои Академияи ВКД муаззаф гардиданд, ки ба муҳассилини муассисаҳои таълимии мазкур, дар синфхонаҳои таълимии касбӣ ва махсус, ки бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ ва умуман воситаҳои айёнии таълим муҷаҳҳаз мебошанд, инчунин синфхонаи тирҳои электронӣ, парки мошинҳои зиреҳпӯш ва дигар маконҳои хусусияти касбидошта дидан намуда, суҳбатҳои озод баргузор намоянд. Албатта, дар натиҷа саволу ҷавобҳои муайян низ сурат гирифтанд, ки ин омил метавонад пеш аз ҳама ҳиссиёти ватандустиро дар зеҳти наврасону ҷавонон бавуҷуд оварда, ҳамзамон шавқи онҳоро барои дар оянда интихоб намудани касби пуршарафи корманди милитсия ва умуман хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба вуҷуд оварад.Яке аз бахшҳои хос дар боздиди мазкур, дидан намудани ва бардошти таассуроти неки хонандагон аз осорхонаи Академияи ВКД мебошад. Осорхонаи Академия дорои беш аз ду ҳазор экспонатҳои таърихӣ буда, фаъолияти ин муассисаи олии таълимиро аз бози таъсис то имрӯз таҷассум менамояд.Дар анҷоми боздид, роҳбарияти Академияи ВКД, миннатдории хешро ҷиҳати иштироки фаъоли муҳассилин ба роҳбарияти муассисаҳои мазкур иброз намуда, онҳоро ба хизмати Модар-Ватан ва ҳифзи марзу буми муқаддаси Тоҷикистон даъват намуданд. Омӯзгорон ва роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки роҳбаладии хонандагонро бар уҳда доштанд, миннатдории худро ба роҳбарияти Мақомоти корҳоли дохилӣ, алал хусус роҳбарияти Академияи ВКД, барои ҳамкории судманд ва пешвозгирии самимӣ, баён намуданд.
Омӯзгорони Академияи ВКД: Самиъзода Б.С.
Абдураҳмонзода Н.А.
Убайдуллоев Ш.Э