Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

954Тарбияи ватандӯстӣ ин фаъолияти низомнок ва мақсаднок ҷиҳати ташаккули шуури баланди ватандӯстона, ҳисси садоқат ба ватани худ, омодабошӣ ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва ҳимояи манфиатҳои ватан мебошад. Асоси ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ҳодисаҳои таърихии қаҳрамониҳои миллӣ, дастовардҳои беназири давлат дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва варзиш мебошад.

Ҳувияти миллӣ ин ҳисси муҳаббат ба ватан ва халқи худ, огоҳӣ доштан аз мансубияти худ ба миллати муайян мебошад, ки дар дарки умумияти манфиатҳо, фарҳанги миллӣ, забон ва эътиқод зоҳир мегардад. Дар ташаккули ҳувияти миллӣ афзалият ба сифатҳои маънавӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дигар тасавурот, ки хоси ин ё он миллат мебошад ва дар анъана ва расму оинҳо, меъёрҳо ва урфу одатҳои ин миллат мустаҳкаманд, дода мешавад.
Дар ҷаҳони муосир, ки глобализатсияи муносибатҳои байналмилалӣ раванди ногусастанист, пойдории ҳувияти миллӣ ва нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ дар баробари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи давлатҳо масоили афзалиятнок мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири ҷаҳони имрӯза буда, бо тағйиротҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва шиддатнокии ҳолати ҷиноятӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ҷунки, дар шароити муосири тарақиёти давлатҳо, ҳамчунин ҷинояткорӣ инкишоф ёфта истодааст, намуд ва шаклҳои нави ҷиноятҳо ба вуҷуд омода истодаанд. Марҳилаи навини ҳаёти ҷамъиятӣ дорои масоили навест, ки асосан бо тезутундшавии равандҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ дар давлат вобастаанд. Чунин хатарҳои глобалии ҷаҳон, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, гаравиши ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳҳои ҷинояткор муборизаи беамон, ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳувияти миллиро талаб менамояд. Ҷиҳати мубориза бо ин падидаҳои номатлуб, на танҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дошта бошанд, балки ҳар як фарди ҷомеаро мебояд барои баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ватанпарвариаш ва ҳуввияти миллиаш тарбия намуд. Чунки, танҳо ҷомеаи муттаҳид ва халқи ватандӯсту соҳибфарҳанг метавонад ҷинояту ҷинояткориро решакан карда, давлати ободу пешрафта бунёд намояд.
Дар ин замина, ҳар як давлат ҷиҳати тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии тамоми қишрҳои ҷомеаи худ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд барканор набуда, дар ҷодаи мустаҳкам намудани фарҳанги миллӣ пешсаф мебошад.
Яке аз нақшҳои асосӣ дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ мансуби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чунки, маҳз Президенти ҷумҳурӣ, ҳамчун Сарвари давлат, дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари фарҳанги миллии тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Метавонем яке аз ин иқдомҳоро, ки худ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Наврӯзро баналмилалӣ эълон намудан мебошад, ҳамчун мисоли равшани пос доштани анъанаҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ иброз намоем.
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ дар тамоми баромаду вохӯриҳо ва суханрониҳои хеш дар масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллии шаҳрвандон фаъолона тарғиботу ташвиқот мебаранд. Сарвари давлат дар суханрониҳои худ доимо қайд менамоянд, ки мустаҳкам намудани ҳувияти миллӣ ва пос доштани фарҳанги миллӣ, таърих ва дастовардҳои халқи худ бениҳоят муҳим аст. Танҳо бо дарки амиқи гузашта, метавон ояндаи дурахшон бунёд намуд.
Ҷиҳати ба мақсад расидан ҳангоми ба амал баровардани тарбияи ҳуқуқиву ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ муҳим аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии тарбияи шаҳрвандонро қонуну санадҳо ва консепсияву барномаҳо, ки аз конститутсия сарчашма мегиранд, ташкил медиҳанд ва дар қабули ин санадҳои муҳими ҳуқуқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешоҳанг шуморидан ба маврид аст. Дар ин самт яке аз санади муҳими қабулгардида ин «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки соли 2006 қабул гардида буд ва солиёни дароз дар асоси он корбарӣ карда мешуд. Соли 2022 бошад «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид ва Президенти ҷумҳурӣ дар Паёми худ аз 23-юми декабри соли 2022 оид ба қабули ин барномаи муҳим қайд ва ибрози андеша намуданд.
Инчунин, Пешвои миллат ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз қабили донистан, равнақ додан ва нигоҳ доштани забони давлатӣ, диққати ҷиддӣ медиҳанд. Пешвои миллат доимо қайд менамоянд, ки тавассути забони модарӣ метавонем фарҳанги худро, ватани худро тарғиб намоем, пос дорем, арҷ гузорем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки давлат иҷтимоӣ аст. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамчун Сарвари давлат, ҷиҳати муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ иқтидори кишварро барои инкишофи соҳаи маориф, илму техника, варзиш, иқтисодиёт, фарҳанг ва амсоли инҳо равона намудаанд.
Дар кишвар низоми таҳсилоте ба роҳ мода шудааст, ки ба гирифтани маълумоти касбӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ташаккули сохтори иҷтимоии мустаҳкаму мукаммал равона шудааст.
Иқдомҳои Президенти ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф зиёданд ва ба тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ равона шудаанд, ки баъзеи онҳо таъсис додани квота барои таҳсили духтарон аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ, эълон намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва амсоли инҳо мебошанд.
Имрӯзҳо, дар баробари соҳаи маориф инкишофи илму техника ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта истодааст. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки ба омӯзиши таърих ва фарҳангӣ тоҷикон равона шудаанд, фаъолона ҳавасманд карда шуда истодаанд. Дар ҷумҳурӣ чандин марказҳои илмӣ, институтҳои таҳқиқотӣ, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо таъсис ёфта, дар онҳо дар соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла вобаста ба фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон таҳқиқотҳо гузаронида мешаванд. Яке аз иқдомҳои беназири Сарвари давлат дар ин самт, ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим намудани китоби безаволи «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров мебошад.
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои варзиш ва фарҳанг низ зиёданд. Аз қабили, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, фарҳанги миллӣ, анъанаҳои хоси тоҷикона, эҳё намудани ҷашнҳои таърихии миллӣ, ки ҳамаи ин чорабиниҳо ба мустаҳкамнамоии худшиносии миллӣ ва баландбардории нуфузи давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ равона шудаанд.
Ҳамин тавр, метавонем иброз намуд, ки масоили тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар меҳвари фаъолияту гуфтори Президенти ҷумҳурӣ ҷойгоҳи хоси худро дорад. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои марказӣ дар ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ ходими давлатии беназир буда, то чӣ андоза муҳим будани масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллиро бо тамоми ҳастии худ дарк намуда, дар асоси сиёсати пешгирифтааш Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо пешниҳоду иқдомҳои худ пешсаф аст ва гуфтаҳои он кас, ки: «Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем» мебояд сармашқи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар бошад.

Азимӣ Умеда Акбар
н.и.ҳ., подполковники милитсия
сардори кафедраи ФМТ факултети № 3
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...