Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Аҳамияти Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025»

109

18-уми майи соли 2023 дар толори Шӯрои олимони Академияи ВКД дар доираи амалигардонии Барномаи ислоҳоти милитсия (барои солҳои 2021-2025) семинари илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Аҳамияти Барномаи ислоҳоти милитсия (солҳои 2021-2025) дар таҷдиди сохтори мақомоти корҳои дохилӣ» бо ҷалби коршиносон, олимон ва омӯзгорони Академия баргузор гардид.110
Бо сухани мукаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ баромад намуда қайд кард, ки «Дар замони ҷаҳонишавии давлатҳо, бархурди манфиатҳои миллию байналмилалӣ, задухурди мусаллаҳонаи байни қавму мазҳабҳои гуногун, тарғиби ақидаҳои экстремистӣ ва хусусияти ҷаҳонӣ касб намудани нақшаҳои тарҳрезишудаи гурӯҳҳои террористӣ, аҳамияти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили ҳар як давлат бараъло меафзояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарҳои болозикр истисно нест, бар замми оне, ки аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистонро санҷишу имтиҳонҳои бузурги ҳимоят аз марзу буми хеш интизор аст, роҳбарияти давлат масъалаи зикршударо амиқ дарк намуда, ислоҳоти сохторҳои соҳавии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро амалӣ карда истодааст.
111Вобаста ба мавзӯи баррасишаванда ислоҳоти милитсияи тоҷик дар назар дошта мешавад, ки айни замон дар марҳилаи дуюми ислоҳотии давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. (марҳилаи якум 2014-2020, марҳилаи дуюм 2021-2025). Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз баракати сулҳу ваҳдат имконият пайдо шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар як муддати кӯтоҳ дар раванди ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини бехатарии ҷомеа, муборизаи беамон бар зидди ҳама гуна ҷиноятҳо, бахусус ҷиноятҳои трансмиллӣ, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид».
Сипас маърӯзаҳои зерини илмӣ шунида шуданд:
муовини сардори кадемияи ВКД ҶТ оид бв илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода
Р.Р., дар мавзӯи «Дарки умумии раванди ислоҳоти илитсия».

сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД ҶТ,
н.и.п., полковники милитсия Давлатшозода А.Д., дар мавзӯи
«Ба танзим даровардани фаъолияти Ассотсиатсияи шуроҳои
занони мақомоти корҳои дохилӣ – яке аз самтҳои афзалиятноки Барномаи ислоҳоти милитсия (солҳои 2021-2025)».

профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ
ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД
ҶТ, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С., дар
мавзӯи «Асосҳои назариявии муқовимат ба ҷинояткорӣ».

сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании факултети
№2, Академияи ВКД ҶТ, подполковники милитсия Абдулаҳадзода
А.А., дар мавзӯи «Ислоҳоти Шӯроҳои ҷамъиятӣ тибқи Барномаи
ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025».
сардори кафедраи назарияи идоракунии ФҲҲ
факултети №1 Академияи ВКД ҶТ, н.и.ҳ., майори милитсия
Рустамзода А.Қ., дар мавзӯи «Воспитание нового поколения
милиции: роль и значение реформы в обновлении структуры ОВД».

ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия Асламов Б.С., дар мавзӯи «Нақши матбуот дар ислоҳоти милитсия»

сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти
маъмурии факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, н.и.ҳ., майори
милитсия Вализода Н.Д., дар мазӯи «Зарурият ба тағйирот ва
мукаммалсозии муқаррароти баъзе аз талаботҳои қонунгузории
ҶТ дар раванди ислоҳоти милитсия».

муаллим-ҳамкори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва
фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД ҶТ Ғуломов Қ.,
дар мавзӯи «Густариши ҳамкории милитсия бо ҷомеа омӯзиш ва
барномаи таълимии алоҳидаро талаб менамояд».
дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти
маъмурии факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, подполковники
милитсия Нуриддинзода С.Н., дар мавзӯи «Тарбияи ҳуқуқии
кормандони милитсия ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти милитсия».

муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва
фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД ҶТ,
подполковники милитсия Ғафурзода Д.А., дар мавзӯи «Ваколати
милитсияи тоҷик оид ба татбиқ намудани ҷавобгарии маъмурӣ дар
солҳои 1928 ».

муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии
факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, майори милитсия Қодирзода
Ғ.Н., дар мавзӯи «Нақши ислоҳоти милитсия дар таълим ва тарбияи
ҳуқуқии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ».

муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва
фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, майори
милитсия Урфонзода Д.С., дар мавзӯи «Тақвиятбахшии ҳамкории
милитсия бо аҳолӣ ҳамчун ҳадафи асосии Барномаи ислоҳоти
милитсия барои солҳои 2021-2025».

Музокираи иштирокчиёни семинари илмӣ - назариявӣ вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида баргузор гардида, лоиҳаи тавсияҳои семинари илмӣ - назариявӣ қабул гардид. Кори семинарро муовини сардори Академияи ВКД ҶТ оид ба илм,д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., бо пешниҳодҳои мушаххас вобаста ба самти мазкур, ҷамъбаст намуд.

Сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., майори милитсия Вализода Н.Д.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...