Вохурӣ ва мулоқот бо падару модарони курсантон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,иҷрои саривақтии супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ чиҳати тақвияти раванди таълиму тарбияи курсантон дар Академия, санаи 10-майи соли 2023 дар Академия вохуриӣ ва мулоқоти падару модарони курсантони курси сеюми факултетети №2 бо роҳбарияти Академия доир гардид, ки дар баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва тарбия мусоидат намуда, ҳамкории байни омӯзгорон ва падару модаронро қавитар намуд. Дар вохури сардори воҳиди таълимӣ-низомӣ майори милитсия Аюбзода.С. кураторони гурухои таълими ширкат доштанд.
Нахуст маҷлиси умумии падару модаронро муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Собирзода А.Ч. зимни суханронӣ дар мулоқот қайд намуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академия бо тамоми шароити ҷавобгӯи талаботи замон сохта ба истифода дода шуд, ки моро водор месозад тамоми саъю кушиши худро ба хизмати содиқона ва софдилона баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия равона намоем. Собирзода А.Ч., иброз намуданд, ки шумо волидайни азиз шоҳид гаштед, ки фарзандонатон дар шароити беҳтарини замони муосир таълим гирифта истодаанд.Моро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таълим ва тарбияи фарзандони Шумо вазифадор намудааст, аммо шумо низ бояд нисбати таълим ва тарбияи дурусти фарзандони хеш муносибати ҷиддӣ намоед,ки дар оянда фарзандонатон шахси баркамоли ҷомеа гарданд. Ҳамзамон номбурда талаботи қонунгузории амалкунандаро вобаста ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон, манъ будани истифодаи автомобили шахсӣ ва истифодабарии телефони мобилӣ дар Академия ёдовар шуданд.
Ҳамчунин, сардори факултети №2, номзади илмхои хукук, подполковники милитсия Мансурзода А.М. баромад намуда, оид ба паҳлуҳои гуногуни уҳдадориҳои падару модарон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баромад карданд.Аз ҷумла, иброз дошт, ки мақсади асосии ҷаласаи падару модарон ин дар амал тадбиқ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буда, мо бояд якҷоя сифати таълиму тарбияро бо курсантони Академия баланд бардорем ва онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намоем.Дар охир ба волидайни курсантоне, ки бо баҳои хубу аъло дар Академия таҳсил намуда, дар чорабиниҳои сатҳи ВКД ва Академия фаъолона ширкат меварзанд бо сипоснома ва раҳматномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Б.Асламов ., Ш.Убайдуллоев.