Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро маҳдуд мекунанд

Дар асоси фасли 3 банди 4 нақшаи кори кафедраи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ барои соли 2023, 18 майи соли равон бо иштироки роҳбарият ва устодони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин курсантони курси 4 ва 3 дар маҷлисгоҳи факултет викторина дар мавзӯи «Чорабиниҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро маҳдуд мекунанд» гузаронида шуд.
Сараввал бо сухани ифттитоҳӣ муовини сардори факултаи №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., майори милитсия Одиназода И.А. баромад намуда, виктаринаро ҳусни оғоз бахшид.
Баъдан муаллими кафедра, капитани милитсия Ализода А.А. дар мавзӯи «Чорабиниҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро маҳдуд мекунанд» баромад намуд.
Дар асоси нақша курсантон ба 2 гурӯҳ, яке бо номи Пайгир ва дигаре Кофтуков тақсим шуда, ба саволҳои гузошта шуда ҷавобҳои мушахас доданд, ки аз тарафи ҳакамон бо ба даст овардани 66 хол ҷои аввал насиби дастаи Кофтуков гашта бо 63 хол ҷои дуюмро дастаи Пайгир ишғол намуд.
Иштирокчии беҳтарини Викторина курсанти курси 3, гурӯҳи 302 Султонзода Масрур дониста шуд.
Дар рафти Викторина саҳнача дар бораи фаъолияти Шуъбаи корҳои дохилӣ аз тарафи иштирокчиёни викторина намоиш дода шуд, ки курсантон бо як маҳорати баланд нақшҳоро иҷро карда, инчунин шеърҳо қироат намуданд.
Дар охир муовини сардори факултет викторинаро ҷамъбаст намуда ба ғолибони Викторина тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Ибрагимзода Ҷ.И. Муаллими калони
кафедраи ФОҶ МКД
майори милитсия
Ализода А.А. муаллими
кафедраи ФОҶ МКД,
капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...