Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд

«Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд,
сулҳпарвар ва баору номуси хеш бошанд»
Эмомалӣ Раҳмон
Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосӣ барои рушди ҳар як кишвар дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ин имкон медиҳад, ки сиѐсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меѐбад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиѐсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиѐсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба сиѐсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиѐсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиѐди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад. Боиси сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба дастгирии ҷавонон эҳтимом варзида, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон дастгирӣ менамоянд ва шароити мусоиди кору фаъолиятро барои онҳо пайваста таъмин месозанд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13 марти соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.
Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-юми декабри соли 2022 иброз намуданд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.
Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Маҳз он ҷавоне метавонад номбардори падару модар, ояндаи давлату миллати худ ва пайрави Пешвои миллат бошад, ки бо илму дониш ва кирдору рафтори худ барои ободии кишвару пешравии он саҳм гузорад.
Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба яке аз сохторҳои калидии кишвар табдил гардида, сол то сол бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ, инфрасохтори муосир ва дигар лавозимоти муҳими истифодашаванда дар фаъолияти хизматӣ таъмин гардидааст, ки мо ҷавонон ва кормандони ин даргоҳро мебояд, беш аз пеш ҷиҳати омода нумудани кадрҳои баландихтисос дар таъмини тартиботу пешгирии ҳар гуна амалу кирдори халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ муборизаи беамон барем. Метавон гуфт, ки кормандони ҷавони Академияи мақомоти корҳои дохилӣ дарси ҷавонмардию фидокориро аз собиқадорони ин даргоҳи илму адаб ва фарзона-фарзандони халқи тоҷик чун Пешвои муаззами миллат аз бар намуда, баҳри пойдории сулҳу суботи миллату давлати азизамон-Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд.
Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкорӣ тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароити хубу мусоид дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо барои таълим ва тарбияи насли ҷавон фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд. Ба туфайли таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои тарбия ва таълими ноболиғон ва ҷавонон тамоми шароитҳо барои таҳсили онҳо дар омӯзишгоҳҳои беҳтарини кишвар ва берун аз он фароҳам оварда шудаанд.
Мо ҷавонон, бояд фахр кунем, ки зодаи ин сарзаминем ва насли миллати дорои фарҳангу таърихи қадима ҳастем. Он дастовардҳое, ки имрӯз насиби мо гаштаанд, бояд дар оянда дучанд гардонида боз рушду камол ёбанд ва ин масъулият ба зиммаи мо гузошта шудааст. Бо муваффақият дар ҳаёт татбиқ шудани он танҳо дар ҳамон сурат амалӣ мегардад, ки агар мо пайрави пешвои миллат ва пешбарандаи ҷамъият бошем, гуфтаҳои он касро ҳамчун дастури зиндагонии худ қабул карда, тамоми қуввату маҳорати худро барои пешрафти кишварамон равона созем.
Дар баробари чунин пешравӣ ва дастовардҳои ҷавонон дар тӯли 31- соли Истиқлолияти давлатӣ мутаасифона ҷавононе, низ вомехӯранд, ки кӯр-кӯрона ба сафи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни характери терроризмиву экстремистӣ дошта ҳамроҳ мешаванд ва ба номи аҷдодони худ доғ меоранд. Сабаби асосии ҳамроҳшавии чунин ҷавонон ба ин гунна ҳаракатҳои террористӣ пеш аз ҳама надоштани дониши зарурӣ ва аз илм дур мондани онҳо мебошад. Мо ҷавононро зарур аст то аз донишу малакаи худ истифода намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав равона намоем. Зеро Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои бузурге, ки Тоҷикистон дар муддати начандон тӯлонии пас аз расидан ба сулҳу салоҳ ба он ноил гардидааст, ёдовар шуда, ба ҷавонони кишвар даъват намуданд: “Ин дастоварди бузурги таърихӣ - ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст доред”.
Дар баробари ҳамаи чунин ғамхориҳои Пешвои миллат мо ҷавононро мебояд аз ин имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, кӯшишу ғайрати худро баҳри илмомӯзӣ, омӯзиши технологияи муосир ва дар корҳои ҷамъиятӣ, созандагӣ ва ободонӣ фаъолона иштирок намоем. Мо, ҷавонон низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар шинохта, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон фаъолияти худро барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона равона месозем.

Муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия
Сулаймонзода Рустам Неъматулло

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...