Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва ҳомии дастовардҳои Истиқлол

11-уми майи соли 2023 дар асоси нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқикотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази фарҳангӣ шаҳри Хуҷанд бо ҳамбастагӣ бо КИҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишӣ шаҳри Хуҷанд мизи мудаввари илмӣ – назариявӣ ва фарҳангӣ дар мазуи “Ҷавонон неруи пешбарандаи сиёсати давлат” ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабинии мазкурро сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки талошҳои пайвастаи ҷавонони имрузаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизи моро ғуборолуд созад.
Дар тӯли 31 соли Истиқлоли Тоҷикистон ҷавонон ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Ҳамчунин, муваффақиятҳои ҷавонон сол ба сол дар ин даврон зиёд мебошад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои сокинони кишварамон, аз ҷумла ҷавонон сол ба сол афзун мегардад. Дар ин давра ҷавонони мо ба дастовардҳои баланди илмӣ, варзишӣ, иқтисодиву ҷаҳонӣ расидаанд, ки ин боиси ифтихори миллати мо мебошад.
Имрӯз баҳри дастгирии олимони ҷавон таъсис ёфтани 18 адад ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, таъсис гардидани 300 адад стипендияи президентӣ, квотаи президентӣ, стипендияи Раиси вилоят барои дастгирии ҷавондухтарону ҷавонписарон - ин ҳама дастовардҳои истиқлолият мебошанд. Ба курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият зиёда аз 30 нафар бо стипендияи Раиси вилоят сарфароз гардонида шудаанд. Дастоварди бузурги дигари ҷавонон ин аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидаст, ки мақсади он ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Fалабаи пай дар пайи наврасону ҷавонони мо дар озмунҳои мухталиф, даст боло гаштани ҷавонон дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар хориҷи кишвар ва дар маҷмӯъ музаффариятҳои наврасону ҷавонон падидаҳоест, ки меваҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Истиқлолият неъмати бебаҳои миллат аст. Ҷавонон имрӯз бояд таблиғгари мероси арзандаи ниёгон бошанд. Дурӣ ҷустан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгони худ бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳуввияти миллӣ хоҳад буд.
Умедворем, ки ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии хеш дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунад ва дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рушду ободии Ватани азиз ва боз ҳам боло бурдани обрӯву нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад.
Баъдан Раиси КИҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар тарғиби арзишҳои миллӣ», Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, Ғафуров Абдувосид Ғафорович дар мавзуи «Пайравони Пешвои миллат», Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Хуҷанд, Муяссар Қаҳорӣ дар мавзуи «Оилаи солим, ҷомеаи солим», Дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Муллобоев М.Р., дар мавзуи «Сабаб ва шароитҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ», муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, капитани милитсия Маъруфзода М.М. дар мавзуи «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва ҳомии дастовардҳои истиқлол», курсанти курси 3-юми факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержани милитсия Умаров Исмоил дар мавзуи «Ҷавонон – такягоҳи боэътимоди Ватан», Раиси Шӯрои Ҷавонони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Шохолиқзода Ш.Ш., дар мавзуи “Ҷавонон имрузу фардои Ватананд” бо маърузаҳои пурмуҳтавои худ баромад намуданд.
Баъди ҷамъбасти баромадкунандагон аз тарафи Раиси КИҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович ва Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, Ғафуров Абдувосид Ғафорович ба Роҳбарият ва якчанд нафар кормандони фаъоли чорабинии мазкур “Сипосномаҳо” бо тӯҳфаҳои хотиравӣ пешниҳод карда шуд.
Инчунин аз тарафи сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Ғафурӣ М.С., ба Раиси КИҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович, Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, Ғафуров Абдувосид Ғафорович ва Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Хуҷанд, Муяссар Қаҳорӣ бо “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Баъдан чорабинии фарҳангӣ оғоз гардид, ки намояндагони дастаи ҳунарии шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ намуда хотири ҳозиринро болида намуданд.
Такягоҳонем мо боэътимод аз баҳри Ватан,
Мекунем шукрона аз ин сарзамину ин чаман.
Баҳри ҳифзи ин диёру ин макони нозанин,
Мо ҳама, гар лозим ояд, месупорем ҷону тан.
Муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети №4,
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
капитани милитсия
Маъруфзода Маъсумахон Маъруф

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...